Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
-
Инкишофи истеҳсолоти экологӣкунонидашудаи минтақа бо назардошти экологунҷоишии маҳал.
-
Баинобатгирии урфу одати таърихии аҳолӣ ва маданияти хоҷагидорию роҳбарии аҳолии маҳал.
-
Таъмини такрористеҳсоли васеи сарватҳои табиӣ ва барқарорсозии сарватҳои табиии харобшуда.
-
Молиягузории мақсадноки истеҳсоли моли аз ҷиҳати экологӣ тоза ва истифодаи технологияи пешқадами замонавӣ.
-
Минтақабандии экологӣ ва ташкили иҷозатномаҳои махсуси экологии истеҳсоли маҳсулот ва дигар фаъолиятҳои истеҳсолӣ.
Раванди чоруми консепсияи инкишофи босуботи иқтисодию экологӣ гузаронидани ислоҳоти замин дар ҳама соҳаҳо мебошад. Дар ин ҷода шурӯъ аз кодекси замин тамоми ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқиро ба тарафи дигар, яъне баҳри муҳофизати замин ҳамчун сарвати қимматбаҳо равона сохтан зарур аст. Барои ин бояд кадастри замини Тоҷикистон бо нигоҳи навин барои тамоми намуди заминҳо ва минтақаҳо тартиб дода, арзиши иқтисодии заминҳоро вобаста аз мақсади истифодабарӣ ва мавқеи ҷойгиршавӣ муайян сохта, ҳар чӣ зудтар амалӣ гардонем. Бояд қайд кард, ки шароити имрӯзаи менеҷменти замини мамлакат ба шароити иқтисоди бозоргонӣ ва талаботи экологӣ ҷавобгӯ набуда, дар асл ҳамон системи бюрократии кӯҳна мебошад.
Ислоҳоти замин масоили мураккаби экологию сиёсӣ буда, корҳои илмию тадқиқотии зиёд ва мӯҳлати тӯлониро дар бар мегирад. Ҳатто давлатҳои пешқадами дунё аз қабили Ҷопон, ИМА, Англия, Фаронса баъди гузашти як мӯҳлати муайян дар батанзимдарории қонунҳои истифодабарии замин мепардозанду вобаста ба давру замон иловаю тағйиротҳо дохил менамоянд.
Раванди панҷуми консепсия ислоҳоти пурраи сохтори менеҷменти корхонаҳо ва умуман, системаи идораии сарватҳои табиӣ мебошад. Дар ин нуқта зарур аст, қайд намоем, ки хислати менеҷменти ташкилотҳои давлатии солҳои 80-90-уми асри ХХ нисбат ба табиат ва сарватҳои табиӣ муносибати ғоратгарона дошта, рафтори аксари роҳбарон ба талаботи рушди босуботи экологию иқтисодӣ мувофиқат наменамоянд. Мутаассифона, баъзе аз ин роҳбарон ҳанӯз низ роҳбарони ташкилоту идораҳо мебошанд ва дар фикронии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор