Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
бузургамон боварии комил дошта, фаҳмиши мардум ва ҷаҳонбинии онҳоро аз ин нури илоҳӣ тақвият дода, давлати миллии Тоҷикистонро мустаҳкаму пурқувват хоҳем кард.
Ногуфта намонад, ки дар баробари сарватмандии маънавӣ боз боигарии моддӣ низ шарти зарурии мавҷудияти инсоният дар рӯи замин мебошад. Дар ин самт низ мо боварӣ дорем, ки дар солҳои наздик сатҳи моддии зиндагонии миллати тоҷик боло рафта, шароити хуби моддиро ҳар як хонадони тоҷик ба даст меорад. Дар ин ҷода пеш аз ҳама сабру тоқат, меҳнатдӯстии миллати тоҷик ва қаноатмандию адлу инсофи роҳбарони зинаҳои гуногуни менеҷменти тоҷик мақоми арзанда дошта, рафтори хирадмандоною одилонаи роҳбар кафолати некӯаҳволии аҳолӣ мебошад. Боигарии моддӣ низ бояд бо меҳнати ҳалолу пок ба даст ояд, на бо роҳи дуздию мардумфирибӣ ва ғоратгарӣ. Мо одамонро барои он офаридаанд, ки ҷамъияти волои инсонӣ офарем, то дар он ҳамаи арзишҳои баланди инсонӣ риоя карда шаванд ва ҳукмрон бошанд. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон доимо созандаю тарафдори чунин ҷамъият буданд ва боқӣ мемонанд.
Марҳилаи навини таърихии давлати миллии тоҷикон дар замоне сурат мегирад, ки қариб аксари арзишҳои баланди миллии тоҷикиро замони Шӯравӣ аз байн рабуда, миллати тоҷикро дар ин ҷода заифу нотавон сохтааст. Аз ин хотир, имрӯзҳо ҳар як роҳбари тоҷик дар навбати аввал барои зинда гардонидани ин арзишҳои бузурги миллӣ вазифадор буда, новобаста аз роҳу усул ва сатҳи роҳбарӣ диққати асосиро бояд ба ғанӣ сохтани маънавию рӯҳии мардум равона созанд.
Ба даст овардан ва барқарор кардани ин ганҷинаи бузурги гумгаштаи миллати тоҷик кори осон набуда, вақту воситаҳои зиёдро талаб менамояд. Аз тарафи дигар, ҳазорсолаи сеюми инкишофи инсонӣ бо хусусияти хоси таърихии худ, яъне глобализатсияи амиқ, ки дар тамоми ҷаҳон реша давонидааст, фарқ мекунад. Дар чунин шароит барқаросозии арзишҳои баланди миллӣ метавонад ба қувваҳои муқобил бештар дучор ояд ва ҳар як роҳбар бояд онро сарбаландона паси сар карда, аз роҳи асосӣ набарояд. Ин роҳи ягона, устувор ва пояндаи ҳазорсолаҳои ояндаи миллати тоҷик боқӣ хоҳад монд ва дар баробари ин барои дигар инсонҳои рӯи замин низ аз манфиат холӣ намебошад. Бинобар ин, вазифаи сарварӣ на танҳо давлатсозандагӣ, балки миллатсозандагӣ низ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор