Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мебошад, ки аз дигар давру замонҳои давлатдорӣ ва хусусияти роҳбарии тоҷикон куллӣ фарқ мекунад.

Миллатсозандагӣ, ин пеш аз ҳама барқарорсозии анъана ва арзишҳои баланди қадршиносию инсонпарварии миллати тоҷик, дину оин, урфу одат, мебошад. Гарчанде аз дили ин мардуми бузург муборизаи беамони сохтори Шӯравӣ ва дигар душмани миллат дар тӯли 100 солаҳо ҳазорон донишмандону бузургон, диндорону сарварони миллати тоҷикро хоинони худобехабар несту нобуд сохта, китобҳои муқаддаси тарбиявию таълимӣ ва динии ин мардумро сӯхтанд, шӯълаи онро хомӯш карда натавонистанд.

Имрӯз вазифаи муқаддаси давлати миллӣ ва ҳар як сарвари хирадманд фурӯзон сохтани ин шӯъла мебошад, ки на танҳо ба сарзамини тоҷикон нурпошӣ намояд, балки тамоми ҷаҳонро равшану зебо гардонад. Аз ин нуқтаи назар, вазифаи миллатсозандагии давлати тоҷикон аз вазифаи давлатсозандагӣ вазнинитару бузургтар буда, бояд дар навбати аввал қарор гирад. Ин стратегияи бузурги миллиро имрӯзҳо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳи асосии инкишоф қарор дода, дар ин самт саъю кӯшиши беандоза карда истодаанд ва мо эътимоди комил дорем, ки ин роҳи дуруст буда, моро дар мӯҳлати кӯтоҳи таърихӣ ба мақсадҳои олии инкишофи башарӣ бурда мерасонад.

Пойдевори устувори ҳар як давлату ҳокимият ин одамон мебошанд. Гурӯҳи муайяни одамон қувваи ҳаракатдиҳандаи давлат ба ҳисоб рафта, ҳар як фарди муайяни таърихӣ ба инкишофу иқтидору хислати давлатдорӣ мақоми арзанда доранд.

Тамоми шахсиятҳо бевосита инкишофи худро аз оила ва маҳаллу боғчаю мактаб шурӯъ карда, баъдан ба ҷамъият ворид гардида, кору фаъолият менамоянд. Аз ин нигоҳ, нақши оила дар ташаккули сарвари оянда шахсони таърихӣ хеле муҳим буда, вазифаҳои оиладорӣ дар тарбияи фарзанд ва сарвари оянда хеле мураккаб аст, ки мо дар мавзӯи дигар оиди ин масоили мураккаб андешаронӣ менамоем.

пешина
аз 566
навбатӣ