Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

50.2. Оила ва вазифаҳои оиладорӣ
дар ташаккули шахсият ва хиради сарварӣ

Вақте кӯдак ба дунё меояд, то як муҳлати муайяни қобилияти ҷисмонию рӯҳӣ гирифтан худашро таъмин карда наметавонад, чунки дар ин муддат қобилияти физиологӣ ва ақлониаш барои мустақилона ҳал намудани масоили интихоби доя ва муҳит немерасад. Аз ин хотир, таваллуди фарзанд ва тарбияи он бо воситаи қонунҳои махсус ба танзим дароварда мешаванд, ки қисман ба зиммаи оила ва қисман ба зиммаи давлат вогузор аст.

Дар қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба низомдароварандаи фарзанддорӣ муносибати ҳалимона бо кӯдак ҳамчун асоси мустаҳками оила ва додани маълумот ба вай, раво надидани зӯроварӣ ба кӯдак ва ба амалҳои номатлуб ҷалб накардани онҳо, нафурӯхтани кӯдак, додани кӯмакпулӣ ба оилаи фарзанддор ва дигар ҳолатҳои ташаккули фарзанд дар оила сабт гардидааст. Ҳама гуна шартномаҳо ва ҳамкориҳо барои нигоҳубини кӯдак ва ба дигар кас барои парасторӣ ва васиятӣ додани ӯ дар асоси қонун амалӣ гашта, ҳолатҳои муқобили он ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашида шуда, гунаҳгорон ҷазо дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки на ҳама вақт масоили тарбияи кӯдак дар муҳити оила ҳалли худро меёбад, бинобар ин, давлат маҷбур мешавад, ки баъзе масоили ташаккули кӯдакро ба зиммаи худ гирад. Мақсад аз ин гуна муносибат намудани давлат пеш аз ҳама тарбияи солими шахсиятҳо барои ояндаи ҷамъият мебошад. Аз тарафи дигар, таваҷҷӯҳи давлат доимо ба он равона аст, ки аҳли ҷомеа нисбат ба кӯдакон рафтори боадолатона дошта, баъзе нохалафон бо истифода аз ҳолати беқудратии кӯдак ва нодонии падару модар ба кӯдак зарари ҷисмонию рӯҳӣ нарасонанд. Ва ё дар ҳолати дар хурдӣ гум кардани падару модар кӯдак бевосита дар зери тарбияи давлат қарор мегирад. Дар ин маврид кӯдак то мӯҳлати муайян дар хонаи кӯдакон ва баъд аз он дар хона-интернатҳои махсус ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд, ки дар ин маврид муҳайёкунандаи тамоми шароитҳо давлат мебошад.

пешина
аз 566
навбатӣ