Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аз рӯи фикру ақидаи аксарияти олимони бахши иқтисодию рӯҳшиносӣ, системаи ҷамъиятии тарбияи фарзанд дар сурати мувофиқи матлаб ва кифоя будани хароҷотҳо барои самаранокии ташаккули ояндаи ӯ таъсири калон мерасонад, аммо вақте ки хароҷотҳо талаботи такрористеҳсол ва ташаккули дурусти кӯдакро таъмин карда наметавонанд, самаранокии он низ паст буда, инкишофи ҳаматарафаи кӯдакон хеле мушкил мегардад. Аз ин хотир, барои ҳар як оила самаранокии даҳолати давлат то чӣ андоза таъмин карда мешаванд, мо муайян карда наметавонем, вале мо боварӣ дорем, ки таъмини шароити хуби фаъолияти боғчаи кӯдакона, мактаби миёна ва таъмини нафақаи дуруст дар пиронсолӣ аз нигоҳи иқтисодӣ ва ташаккули сарвари оянда, самаранокии аниқи худро доро мебошад. Пас, муносибати давлатро ба оила маҳз дар зинаҳои дуюм ва сеюм бояд хеле пурзӯр намуд, то самаранокии баланди тарбияи шахсияти оянда дар ҷамъият таъмин карда шавад.

Аз тарафи дигар, самаранокии боз ба муносибати худи падару модар дар тарбияи фарзанд вобастагии калон дорад. Мувофиқи нишондоди таҳлилҳои илмӣ аксар маврид падару модароне, ки барои маълумотгирии фарзанд ва дар шароити солим тарбия намудани он маблағи зиёдеро сарф намуда, инчунин ба ӯ маблағ ва молу мулки муайян ба мерос гузошта, хона ва корхонаҳо туҳфа мекунанд, самаранокии ташаккули фарзандро хеле баланд бардошта, имкони дар оянда пешво гаштани фарзандро таъмин месозанд.

Хуб мебуд агар падару модарони тоҷик низ ин иқдомро пеш гирифта, барои пешвои оянда шароитҳои хуби пешравиро таъмин месохтанд. Чунончи дар хиради менеҷменти тоҷик таъкид карда мешавад:
Зи он чӣ аз падар монад ба фарзанд,
Набошад аз адаб бартар, накӯтар.

Мо аз он нигоҳ таъкид карданием, ки баъзе волидайн новобаста ба шароити хуби оилавиашон ба тарбия ва ташаккули кӯдак маблағи кам ҷудо карда, барои донишандӯзии кӯдак диққати зарурӣ намедиҳанд ва ба шароити хуби моддии оила нигоҳ накарда, кӯдак беадаб ва камсавод ба воя расида, дар оянда худро ҳамчун шахсияти шинохта ва пешво муаррифӣ карда наметавонад. Дар натиҷа, молу мулки падарро пас аз марг ва ё ҳатто дар вақти ҳаёт буданашон, аз бесаводию беадабӣ дар айшу маишати бемайлон сарф карда, шояд

пешина
аз 566
навбатӣ