Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

падару модари сарватмандро дар айёми пирӣ сарсону овора низ созанд. Аз ин хотир, ақидаҳое низ мавҷуданд, ки дар оилаҳои шароити хуби моддидошта, набояд бевосита падару модар ба тарбияи фарзанд машғул шаванд, балки ба ивази ҳақмузди баланд ва таъмини шароити хуб тарбияи фарзандро ба зиммаи мураббии ботаҷрибаи донишманд вогузошта шавад, чунки падару модар аз серкорӣ ба тарбияи кӯдак диққат намедиҳанд. Дар замони худ файласуфи бузурги юнонӣ Афлотун дар асари худ «Дар бораи Давлат» қайд мекунад, ки фарзандони оилаҳои сарватмандро набояд волидайн тарбия намоянд, балки барои тарбияи ин фарзандон мутахассисони варзидаи соҳаи тарбияро ҷалб намудан лозим аст. Дар он замон ин ақидаи Афлотун он қадар дастгирӣ нагардида буд, вале имрӯзҳо мо мушоҳида менамоем, ки ин ақида дар ҳақиқат дуруст будааст ва аксари волидайни сарватманд барои тарбияи фарзанд донишмандону мутахассисони варзидаро ҷалб менамоянд ва ин хеле самаранок мебошад. Дар баробари ин падару модароне, низ ҳастанд, ки барои тарбияи фарзанд аз вазифаҳои давлатии худ даст кашида, бевосита худашон ба тарбияи фарзандон машғул мешаванд, ки ин низ самараи мусбӣ медиҳад. Махсусан, он ҳолатро дар оилаҳои тоҷик, ки аксар маврид модар дар хона нишаста ба тарбияи кӯдак машғул буда, дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок намекунад, дидан мумкин аст.

Боз ҳолатҳои муқобилро низ метавон мушоҳида намуд, ки падару модар нисбат ба фарзанд муносибати ғайриинсонӣ раво дида, онҳоро пайваста лату кӯб карда, ба донишомузии онҳо монеъ мешаванд ва ё онҳоро мефурӯшанд, ки албатта дар ин маврид даҳолати сохторҳои қудратӣ ва давлат шарти зарурӣ мебошад. Ҳатто дар аксар ҳолатҳо падару модаронро аз ҳуқуқи фарзанддорӣ маҳрум намуда, кӯдаконро ба тарбияи давлат вогузор менамоянд.

Оиди масоили назариявии тарбияи кӯдак ва сабабҳои бетарбия ба воя расидани кӯдакон олимон ақидаҳои гуногун доранд. Дар ин ҷо ду ҳолатро мушоҳида кардан мумкин аст:

  1. Аксар маврид оилаҳои аз ҷиҳати моддӣ пурра таъмин кӯдакро аз ҳад зиёд навозиш карда, диққати ӯро на ба меҳнат, балки ба молу мулк ва шавқҳои дигар равон мекунанд, ки дар натиҷа кӯдак аз донишандузӣ монда, ба корҳои ношоям даст зада, ташаккули маънавӣ намеёбад ва даст ба майнушӣ, нашъамандӣ ва зуҳуроти дигари номатлуб мезанад.
пешина
аз 566
навбатӣ