Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Падару модари камбизоат аз аҳволи тарбияи фарзанд бедарак мондааст, аз уҳдаи ин кор набаромадааст ва ё бо сабаби камбизоатӣ кӯдак ба мактаб нарафтааст, у дар кӯча ба кӯдакони оворагард дӯстӣ пайдо карда, аз хурдӣ ба корҳои ношоям даст зада, бетарбия гаштаасту бесаводу беақл. Пас, бо гузашти айём ба дуздию ғоратгарӣ даст зада, худро дар паси панҷара мебинад. Чунин ҳолат, албатта, на фақат дарди оила, балки ба дарди ҷамъият мубаддал мегардад.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки мушкилтарин масъалаи оилавӣ ин тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Чуноне ки файласуфи бузурги Юнон Суқрот ҳанӯз дар замони худ санъати тарбия ва санъати роҳбариро мушкилтарин ва мураккабтарин ихтирооти инсонӣ номида буд. Пас, ҳар як падару модар вазифадор мебошанд, ки ба фарзанд тарбияи дурусти ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва ахлоқӣ диҳанд.

Мутаассифона, аксар ҳолат мо дар оилаҳои тоҷик мушоҳида менамоем, ки падару модар ба зиёдшавии миқдори кӯдакон ҳавасманд буда, ба тарбияи онҳо диққати махсус намедиҳанд, ҳол он ки мақсади асосии ба дунё овардани фарзанд бардаму солим тавассути тарбияи рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ дар оянда давомдиҳандаи насл, оила, қавму қабила ва миллати солим будан аст. Аз ин нигоҳ, падару модарро зарур аст, ки барои донишманду хирадманд, хушодобу хушахлоқ, соҳибкасбу соҳибҳунар гаштани фарзанди хеш дар талош бошанд, чунки ин масоил яке аз масоили муҳими оила, қавм ва миллат ба ҳисоб меравад.
Гулгулшукуфӣ ва пешравии сатҳи зиндагонии ҳар як миллату давлат пеш аз ҳама аз он вобаста аст, ки дар он ҷо тарбияи зеҳнӣ, ҷисмонӣ, маънавӣ, рӯҳӣ, илмию фарҳангии фарзандон ва умуман одамият чӣ гуна ба роҳ монда шудааст.
Аз ин ҷо оид ба ин масоил дар ҳама давру замон давлат ба рафтори тарбиявии падару модар диққати махсус медиҳад.

Мақсади волои тарбия ин ташаккули ҷисмонӣ ёфтан, дониш ва ҳунар омӯхтан, сарватманд ва дар ҷомеа тобеъ ва ғуломи касе нагашта, соҳибэҳтиром шудан ва ба дигарон дастгиру мададгор ва пешво гаштан мебошад, ки ҳар як падару модар ва давлату ҳукумат онро интизор аст. Ба ин хотир, бузургон низ мефармоянд:

пешина
аз 566
навбатӣ