Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Зану фарзандро одоб омӯз,
Ки то суде ба онҳо бошад аз ту.

Агар аз нигоҳи иқтисодӣ баҳогузорӣ намоем, ҳар як падару модар барои фарзанд вақт ва молу мулк ҷудо карда, онро барои худ кам мекунад, яъне дар ин ҷо манфиатҳои худи волидайн ва фарзанд бо ҳам зид мебошанд. Дар ин нуқта, албатта, волидайн ҳастанд, ки моҳият ва раванди дурусти ин маблағҳоро барои инкишофи ақлонӣ ва касбии кӯдак равона сохта, кӯдакро маҷбур месозанд, ки ҳар як сомонии харҷшуда боздеҳашро диҳад ва оид ба фаъолияти иҷрошуда, ки аз буҷаи оила молиягузорӣ карда шудааст, ҳисобот пешниҳод намояд. Ин гуна падару модарон самаранокии маблағгузориро барои фарзанд бо ин роҳ таъмин карда метавонанд. Муттаасифона, падару модароне низ ҳастанд, ки маблағҳои зиёдеро сарф намуда, аз фарзанд ҳисобот талаб намекунанд. Оё ин маблағгузорӣ самаранок истифода мегардад ё не?, оё ин маблағгузорӣ самара медиҳад ё не?, оё равандҳои маблағгузориро дуруст муайян кардаем ё не? ва бисёр саволҳои дигар пайдо мешаванд, ки падару модар бояд ба он диққати аввалиндараҷа диҳанд. Чуноне ки масалан, барои тарбияи як кӯдак дар оилаи ҷопонӣ имрӯзҳо 400 – 500 ҳазор доллари амрикоӣ сарф карда мешавад, ки ҳамаи он мақсаднок ва самарабахш мебошанд.

Ба ақидаи иқтисодшиносон дар ҳолати дуруст муайян намудани равандҳои маблағгузорӣ барои фарзанд - инсон, самаранокии он нисбат ба дигар соҳаҳо 5-7 маротиба зиёдтар аст. Махсусан, аз буҷаи оила, агар маблағҳоро барои хонаҳои пурқиммату мошиною дигар асбобҳои хона сарф карда, ба тарбияи фарзанд равона насозед, дар синни пиронсолӣ молу мулк кӯҳна шуда, боздеҳи худро гум карда, умуман ба Шумо фоида намедиҳанд. Аммо вақте ки ин сармояро бештар ба таълиму тарбияи фарзанд сарф мекунед, он самараи чандинкарата ва дуру дароз дода, дар айёми пирӣ мададгор мешаванд ва дар навбати худ дигар аъзоёни ҷамъият ва насли оянда низ аз он манфиат мебинанд.

Мутаассифона, дар оилаҳои серфарзанди тоҷик низ падару модароне ҳастанд, ки бо баҳонаи камбизоатӣ ба тарбия ва ба воя расондани фарзанд сомоние маблағгузорӣ накарда, дарҳол хоҳиши истифодаи меҳнати кӯчаки кӯдак менамоянд ва бо ҷалби корҳои ҷисмонии вазнин ӯро аз инкишофи ҷисмонию ақлонӣ ва мактабу таълим дур месозанд. Имрӯзҳо мо дар кӯчаву бозор

пешина
аз 566
навбатӣ