Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кӯдакони хурдсолро мебинем, ки ба мошиншӯй ва аробакашию дигар корҳои ҷисмонии вазнин машғул ҳастанд, ки инро метавон ҳамчун як бемории вабо ва ё бадбахтии ҷомеаи солим шуморид. Мо бояд талош намоем, то ин бемории ҷомеаи имрӯзаи тоҷиконро пурра табобат намоем.

Бояд гуфт, ки иштироки фаъоли давлат дар ҳалли масоили дар боло гуфташуда, имкони васеъ фароҳам меорад, ки аз ин одати несолими волидайн халос гардем. Дар навбати худ, мо бояд ин гуна падару модарро водор намоем, ки атрофи ин масоил андеша карда, онҳо низ иштироккунандаи фаъоли бартараф намудани ин мушкилот бошанд. Ва минбаъд масоили таваллуди фарзанд ва дигар вазифаҳои оилавӣ бояд зери назорати қатъии давлатӣ қарор гирад. Аз нигоҳи мо ва таҳлилҳои зиёди ҳолатҳои камбизоатии оилавӣ ва ҷудошавии оилаҳо, хуб мебуд ба масоили мавриди оиладоршавии фарзандон диққати махсус медодем. Дар ҳолати имрӯзаи инкишофи иқтисодӣ ва башарии Тоҷикистон, ки аз нисф зиёди оилаҳои тоҷик камбизоат ҳисоб мешаванд, хуб мешуд, ки овони оиладоршавиро қафотар мепартофтем ва дар баробари ин як қатор талаботҳои иқтисодӣ низ ҷорӣ мекардем. Мисол, аз нигоҳи мо хуб мебуд, ки ақди никоҳ барои писарон баъди 28 солагӣ ва барои духтарон баъди 21 солагӣ иҷозат дода шуда, чунин талаботҳои ҳатмии иҷтимоию иқтисодӣ ба назар гирифта мешуд.
Хонаи алоҳида, маълумоти олӣ, ҷои муайяни корӣ ва маблағи муайян дар бонк доштан, ки аққалан барои 2- 3 соли аввали хонадорӣ басанда бошад, шарти зарурии оилавӣ мегашт, хеле манфиатовар буд. Ба фикри мо дар он ҳолат ҳароҷотҳои зиёд ва берун аз меъёр барои тӯй дида намешуд ва он маблағ барои буҷаи оилаи нав равона мегардид. Аз дигар тараф, вақте ки падару модар пешакӣ чунин масъулият ҳис менамоянд, он гоҳ оиди миқдори фарзандон низ андеша карда, шояд бо тавлиди 2 ва ё 3 фарзанд қаноат мекунанд, на ин ки монанди ҳолати имрӯза 6 - 10 фарзандро ба дунё оварда, ба ягон нафари онҳо шароити хуби зиндагонӣ муҳайё карда натавониста, сафи бесаводону қашшоқону камбағалонро дар ҷомеа зиёд намоянд. Бинобар ин, ин ӯҳдадориҳои падару модар дар вақти бақайдгирии ақди никоҳ бояд ба расмият ва ба танзими давлатӣ дароварда шаванд.

Аз тарафи дигар, давлат низ дар ҳолати риояи низом аз тарафи оила
шояд баъзе аз хароҷотҳоро ба дӯши худ гирад. Масалан, оилае, ки ба ин

пешина
аз 566
навбатӣ