Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ин роҳ ба инкишофи ояндаи роҳбарӣ таъсири зиёди манфӣ расонида, режими коммунистӣ тавонист, системаи идоравии худро бечунучаро вориди Тоҷикистон созад, ки дар таърих бо номи «Иқтисоди плании Шӯравӣ» боқӣ мондааст.

Дар марказ (Москва) бошад масоили ташкили илмии меҳнатро як қатор институтҳои калон тарҳрезӣ мекарданд. Дар натиҷа дар соҳаи кишоварзӣ колхозҳо ва совхозҳо, дар саноат корхонаҳои давлатии саноатӣ ташкил ва моликияти ягонаи давлатӣ пайдо гашта, тамоми арзишҳои анъанавию миллии хоҷагидории тоҷикон пурра барҳам зада шуданд. Ҳатто хоҷагиҳо ва боғҳои наздиҳавлигии миллати тоҷик, ки 1000 солаҳо аз насл ба насл мегузаштанду моҳияти калони иқтисодию иҷтимоӣ доштанд, аз байн бурда шуда, бо миқдори хеле кам иҷозат дода шуду халос.

Мардумонро аз хонаҳою заминҳои бобоиашон муҳоҷир карда, ба туғайзорҳои нообод маҷбуран мебурданд, махсусан, мардуми кӯҳистони ҷанубу шарқу ғарби тоҷикро ба водии Вахш муҳоҷир карда буданд.

Бояд гуфт, ки ҳоло низ баъзе аз ин бехудоёни миллат ё фарзандони бедиёнати онҳо умр ба сар мебаранд ва дар макотиби олии кишвар ва баъзе муассисаҳои идораии давлатӣ кору фаъолият намуда, забони модарии хеш — тоҷикиро намедонанд ва бо забони русӣ ваъз гуфта, ҳамон иқдоми нопоки падарони худро идома дода истодаанд. Онҳо фарзандони боору номуси тоҷикро, ки дилсӯзу ҷонфидои миллат маҳсуб меёбанд ва бо сардории марди хирадманд, фарзанди бонангу номус ва асили тоҷик, ҷавонмарди таърихӣ, Президенти кишварамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов тасмим гирифтаанд то осори ниёгони худро зинда гардонида, бо забони миллии модарии тоҷикон асарҳои илмию тарбиявӣ эҷод намоянд, бо тӯҳмату бӯҳтонҳои ғаразнок ва чашмсиёҳии хоинонаи худ назар афканда, мехоҳанд садди роҳи инкишофи маънавии миллати бузурги соҳибтамаддун гарданд.

Вале афсӯс ин қабил мардум дарк карда наметавонанд, ки ҳақиқатро ба домон пӯшонида намешавад ва Худованди бузург ба ин миллати фарҳангдӯсту меҳрубон ин гуна фарзандонро арзонӣ додааст ва ҳамеша нигоҳдорашон мебошанд. Ва Худо хоҳад дере нагузашта мо тоҷикони асил ҷислу бузургону аҷдодони донишманди хеш Абуабдуллои Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Саъдиву Ҳофизи

пешина
аз 566
навбатӣ