Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Шерозию Аҳмади Донишу Айнию Турсунзода, Лоиқ ва амсоли инҳо асарҳое меофарем, ки номи миллати тоҷикро боз ҳазорсолаҳо дар арсаи тамаддуни ҷаҳонӣ зинда медоранд.

Новобаста аз он, ки солҳои 50-70-ум дар Тоҷикистон институтҳои калони тадқиқоти илмии идоракунӣ, Академияи илмҳои Тоҷикистон ва якчанд донишгоҳҳо пайдо шуда буданд, онҳо принсипҳо ва шаклҳои сосиалистии идоравиро тарҳрезӣ ва пешниҳод менамуданд, қолабашро аз марказ (Маскав) мегирифтанд. Диққати асосиро ба махсусгардонии соҳаҳо, ташкили идораю вазоратҳои махсуси соҳавӣ равона мекарданд, аммо чунин як принсипи марказонидашудае, ки хусусиятҳои хоси этникию миллӣ, экологӣ ва иҷтимоию иқтисодии минтақаҳоро ба инобат намегирифт, натиҷаи дилхоҳ намедод ва доимо дар ворид намудани тағйироту иловаҳо қарор дошт.

Қисме аз хоҷаҳои хушомадгӯи режими коммунистӣ барои худашонро дар назди марказ хуб нишон додан, аз тамоми арзишҳои миллии тоҷикӣ даст кашида, замину обу одамонро чунон истисморгарона истифода мебурданд, ки дар натиҷаи бемайлон ва аз меъёрҳои илмӣ 25-30 маротиба зиёд ва бешуурона истифода бурдани заҳрхимикатҳо ва нуриҳои химиявӣ ба саломатии аҳолӣ ва вазъи экологии мамлакат хатари ҷиддӣ оварданд. Нақшаҳои (планҳои панҷсолаю солона) бемантиқу беасоси истеҳсоли якказироати «Пахта» заминҳои ҳосилхези тоҷикро ба шӯразор табдил доданд, ки азобашро мо то имрӯзҳо кашида истодаем ва боз чандин солҳои дигар лозиманд, ки ин заминҳо ҳосилнокии хешро барқарор созанд.

Гарчанде қарору чорабиниҳои гуногуни идоравии иқтисодӣ аз тарафи Марказ ва фармону қарорҳо ва пешниҳодҳои пленумҳои Партияи коммунистии Иттифоқи Шӯравӣ коркард мешуданд, дар маҳалҳо талаботи инкишофи иқтисодиро таъмин карда наметавонистанд.

Дар натиҷа, собиқ Иттифоқи Шӯравӣ аз дигар давлатҳои ҷаҳон хеле қафо монд. Барои рӯйпуш намудани ин пастравӣ роҳбарони солҳои 80-ум дар натиҷаи изофанависию ҳисоботҳои бардурӯғ аксарият ба маҳкама кашида шуданду баъзеҳо соҳиби ордену медалҳои бардурӯғ шуданд. Кор ба ҷое расид, ки ҳатто хӯроки чорворо изофанависӣ менамуданд. Банда шоҳиди он будам, ки дар ноҳияи Дарбанд (он вақт Комсомолобод) совхози Гарм, «нақшаи захираи

пешина
аз 566
навбатӣ