Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Бояд гуфт, ки иқтисоди бозоргонӣ талаботҳои ҳар чӣ зиёдтар васеъ шудани бозори молҳоро дошта, дар баробари ба кишварҳои дуру наздик ҳамкории зич ва қулайи тиҷоратӣ доштан, барои тавлиду фурӯши моли нав имкон зиёд гашта, сатҳи некӯаҳволии мамлакат беҳтар мегардад. Барои тиҷорати бемонеа ва саривақтии иқтисодӣ роҳҳои нақлиётии ба талаботи ҷаҳониён ҷавобгӯ омили асосӣ мебошад, чунки сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон, аксаран кӯҳсор буда, аҳолии зиёда аз 7 миллионаи он ҳамагӣ дар 7% ҳамворӣ ҷойгиранд ва истифодаи нақлиёти автомобилӣ хеле қулай мебошад.
Бинобар ин, яке аз иқдомҳои муҳими хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмонов аз рӯи ба сари қудрат омаданашон ин аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон мебошад. Ин иқдоми некро Сардори давлат бо сохтмони роҳҳои оҳани дохилии мамлакат Қурғонтеппа — Кӯлоб соли 1999-ум, роҳи автомобили Кӯлоб — Хоруғ — Қулма — Қароқурум соли 2005-ум, кушодани туннели мошингарди Анзоб соли 2006-ум амалӣ гардонида, дар таърихи миллати тоҷик корҳои азимеро ба анҷом расониданд, ки ҳазорсолаҳо барои ин миллат хизмат хоҳад кард. Аз тарафи дигар бо мақсади тиҷорати озоди байнидавлатӣ бо мамлакатҳои ҳамсояи Афғонистон, Эрон, Покистон ва тавассути ин мамлакатҳо ба дигар давлатҳо рафту омад кардан пулҳои бузурги байналмилалӣ дар дарёи Панҷ сохта ба истифода дода шуда истоданд, ки мувофиқи нақша то соли 2008-ум мо тоҷиконро аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо хоҳанд кард.
Дастовардҳои солҳои истиқлолият (солҳои 1991-2006) гувоҳи онанд, ки мо аллакай ба комёбиҳои бузурги сиёсию иқтисодии миллӣ низ ноил гаштаем. Ин пеш аз ҳама, доштани Сарқонуни мамлакат, ки асоси қонунии эҳёи давлати ҳуқуқбунёд мебошад ва дигар қонуниятҳои инсонпарварии дунявии иқтисодию иҷтимоии идораи давлатӣ, сохтори замонавии давлатдорӣ, инчунин соҳиби рамзҳои давлатии мустақил — Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд.
Муҳим он, ки мо имрӯз Сарвари оқилу хирадманди хеш, Эмомалӣ Раҳмоновро бо роҳи озодии демократии қабулкардашудаи миллати тоҷик, бо тарафдории аксарият интихоб намудем. Дар чунин замина эътироф гардидани Давлати Тоҷикистон аз тарафи давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ва Созмони Милали Муттаҳид, ҷашнгирии 1100-солагии давлатдории тоҷикон — Сомониён

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё