Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ва 2700-солагии Кӯлоби бостонӣ, ҷашнвораҳои хирадмандону бузургони миллати тоҷик Камоли Хуҷандӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Абӯалӣ ибни Сино, соли 2006-ум ҷашнвораи «Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ», 800-солагии Ҷалолиддини Румӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ инчунин, номгузории аслии тоҷикии аксари деҳаю маҳалу ноҳияҳо ва эҳё гардидани дигар урфу одатҳо ва анъанаҳои миллии тоҷикӣ, аллакай нишонаи созандагии давлати миллии тоҷикон ва хиради бузурги Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бояд гуфт, ки таъмини рушди босуботи давлатдориро дар ҳама давру замон мактабу маориф таъмин менамоянд. Аз ин хотир, Сардори давлат аз рӯзи ба вазифаи Президентӣ интихоб гардиданашон ба ин соҳа диққати махсус дода, тамоми мактабу таълимгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, китобхонаҳо ва дигар васоити ахбори умум, инчунин соҳаҳои гуногуни санъату маданиятро барқарор намуда, ташаккули таълиму тарбия ва мактабу маориф, илму ҳунарро яке аз вазифаҳои муҳими давлатдорӣ ва пешравии ин соҳаро асоси муваффақиятҳои давлат меҳисобанд.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистони навин таълими маълумоти миёна тамоми минтақаҳои мамлакатро пурра дар бар гирифта, зиёда аз 30 мактаби олии давлатию ғайридавлатӣ амал карда истодаанд, ки дар онҳо донишҷӯён ихтисосҳои гуногуни соҳаҳои иқтисодиро дар зинаи баланди замонавӣ ва технологияи баланди компютерӣ ба даст меоранд.

Инчунин, ҳар сол тариқи квотаи президентӣ духтарони ноҳияҳои дурдасти мамлакат ба ин мактабҳои олӣ дохил шуда дар саҳм ва мақоми занон дар иштироки меҳнати ҷамъиятӣ, инкишофи ҷомеаи дунявии тоҷикон ва роҳбарии корхонаю идораҳо дар оянда ҳиссагузор мебошанд. Қисме аз ҷавонони болаёқати миллати тоҷик бо кӯмаку дастгирии бевоситаи сарвари давлат ҳамасола ба мамлакатҳои хориҷӣ барои таҳсил фиристонида мешаванд, ки ин амали нек барои дар оянда бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани Тоҷикистон хеле зарур мебошад.

Дар ин ҷода бояд қайд кард, ки дар замони Шӯравӣ таҳсил дар макотиби олии мамлакат асосан бо забони русӣ сурат мегирифт, аз ин ҷо адабиёти таълимӣ танҳо ба забони русӣ вуҷуд дошту халос. Аз ин рӯ дастгирии бевосита ва нашри китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ низ яке аз амалҳои хирадмандонаи

пешина
аз 566
навбатӣ