Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

дорад-е. Бо вуҷуди ҳамаи ин модар мехост духтараш ба ид равад.

Охир, Хуршеда ҷавон аст... Моҳигул мехост ба духтар аз айёми шубоби худ ҳикоя кунад, нақл кунад, ки он рӯзҳо ба чӣ ормоне гузашта буданд, вале инро вай пагоҳӣ, ҳангоми ширпазӣ лозим надонист. Ба тарзи дигар боз ба сари мақсад омад. «Рафтори ту маъқул не, бачам, — гуфт ширро бод кашида, — рафторат ҳамин бошад, гӯШАНИШИН шуда мемонӣ. Ҳа, хилватпараст мешавӣ. Ҳоӣ, гӯшашинӣ акнун дар ин замон ба зан ҳеҷ намезебад, ҳа, келин шавӣ, шӯракат хушк мешавад. Не, духтарам, ту агар фарзанди ман бошӣ, ди-дадаро шав, ба дида ҷо шав. Дамдузд нашав, сукут накун, духтарам. Ту дами дарун мегардию ман беҳуда обу адо мешавам. Не. Ту Хуршеда бачаҳои мардум барин хушу хурсанд бош! Айёми иду ту бошӣ, аз хона намебароӣ?! Ин чӣ қилиқ? Мошин омаду ҳамаро савор карда гирифта бурд, ту бошӣ, аз хона намечунбӣ. Чунон беҳавсала ки куртаи наватро ҳам намепӯшӣ. Усма қандию аммо об накардӣ, ана дар рӯи санг хазон шуда монд. Ҳоӣ, вақт ғанимат, ба ягон ҷой меравӣ ё не?»

Хуршеда бошад, оташи таги дегро ба берун кашида, бо сари хам: «Ба ағба бароям, майлаш» пурсид он гоҳ. Бале, ҳамин тавр аз даруни як ҷаҳон гапи дилаш вай фақат як ҷумларо гуфт. «Ба ағба мебарӣ? Дар ағба чӣ ҳаст?» — боз пурсид модараш. «Дар ағба — офтоб. Офтобак!» «Не, ин тавр бошад, беҳтараш, ки дегро фу-рору ширро хунук кун. Баъд сафедӣ андоз. Ман дар-рав гашта меоям». Инро гуфта модар ба назди пира-зан рафта буд. Ана акнун кори вай духтарковӣ.

— Хуршеда! Дар куҷоӣ, духтарам? — боз фарёд мекунад ӯ. Ба фарёдаш фақат радио ҷавоб медиҳад.

— Зинда бод Якуми май! Ур-ра, урр-ра-а!!!

Баногоҳ ба назди геологҳо нарафта бошад? — худ аз худ мепурсад Моҳигул. Дили ӯ бадтар хавотир шу-да радиоро хомӯш мекунад, чунки ба қавле акнун ба гӯши ӯ овози булбул ҳам намефорад. Ҳавлӣ дар сукут мемонад.

Моҳигул порсол аз як мурдан базӯр халос шуда буд. Фасли тирамоҳ буд, ки дар кӯҳи тарафи чап хай-ма пайдо шуд. Ба хайма одамоне, ки камзӯлҳои ғафс пӯшида, дар китфашон борхалтахО доштанд, даробаро

пешина
аз 37
навбатӣ