Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

АдабиётҲикояКӯдакон
Аз аввал хондан

мекарданд. Онҳо ба чашм айнакҳои зарду сиёҳ гирифта, ба по ботинкаҳои вазнин пӯшида, бо сару гардани дар офтоб сӯхта, яке газчӯб, дигаре бел бардошта, кӯҳ ба кӯҳ мегаштанд.

Моҳигул, ки ҳисси кунҷкобиаш ҷӯшида буд, рӯзе як сатил ҷурғот гирифта, ба назди онҳо баромад. Аз онҳо ҳолу аҳвол пурсид ва касбу корашонро фаҳмида, ҳайраташ афзуд. Вақти бозгашт ба санге пешпо хӯрда, пои чапаш ғеҷиду осмон гӯё ба сараш чаппа шуд. Ба домана ғелида рафт. Моҳигул аввал дардро писанд накарда, пахта доғ карда басту кӯри гарм ҳам гирифт. Бо вуҷуди ин дард дармонашро наёфт, ки пояш баръакс гупчаквор варам кард. «Ҳа, ин кори ҷину аҷина, — пиндошт дар дили худ Моҳигул. — Пайваста хонондан даркор!» Қарор дод, ки шикастабандро оваронда муоина мекунонад ва мехононад. Хуршедаро он рӯз аз мактабаш мононда, арзи муддао кард. Духтар филфавр ба аспи саманди худ савор шуда, ба ағбаи рост баромада рафту дере нагузашта табиберо ҳамроҳи худ овард. «Ана бибиҷон, духтурхола омаданд». Дурӯғ нагӯй, фурсати як чойҷӯшонӣ нагузашта, аллакай рафта омадӣ? — бовар накарда ба рӯи духтараш нигарист Моҳигул. «Ба худо, ки...» «Э, беҳуда қасам нахӯр, духтур овардӣ ё шикастабанд?» Хуршеда табассум мекард... Духтур пои маҷрӯҳи ӯро нағз табобат кард, ки дардаш дере нагузашта, ту дидию ман надидам шуда рафт.

Моҳигул ҳоло ҳамаи инро ба хотир оварда, боз хавотир мешавад. Ногоҳ чизе ба ёдаш мерасаду сӯи меҳмонхона меравад. Ба китобхонӣ ишқаш буд, дарсхонаашро бинам-чӣ, мегӯяд дар дил. Аҷабо, ҷевонҳои Хуршеда торафт аз сангу сангча пур мешаванд. Дар девор расми як мӯйсафеди ришғаббаи мутафаккирқиёфа... Инчунин мис, сурб, қалъагӣ... Ким-чиҳои дигар ҳам ҳаст. Модар ба фарқи онҳо намеравад.

Моҳигул китоберо варақ мезанад, ки аз байни он сурате ба замин меафтад. Исто, ки ин сурати чист? Воаҷаб, нақши гули садбарг! Йигитчае шарм надошта духтари вай — Хуршедаро табрик кардааст. Иди Май баҳона, рӯзи таваллуд баҳона, Соли нав ҳам баҳона... табрикҳо. Инаш кам буд магар, ки, мазмун, духтарашро мепояд. Вале сари кадом кӯча мепояд, нагуфтааст, фиребгар. Беодоб!

пешина
аз 37
навбатӣ