Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

То ҳол Умед ҳангоми ба хотир овардани ин воқеаи нохуш асабонӣ мешавад, ҳарчанд, ки зиёда аз ду сол сипарӣ шудааст. Асли воқеа чунин буд, ки Умед тариқи шабакаи иҷтимоӣ бо як духтараки зебою чақчақӣ, ки худ дар хориҷа таҳсил мекардааст, шинос шуд. Аз сабаби он ки духтарак барои суҳбат худ ташаббус зоҳир мекард, пурра ҳушу хаёли Умедро ба худ ҷалб намуд. Дар натиҷа онҳо ба ғайр аз «чат»
кардан, боз аксҳои якдигарро ирсол мекарданд. Баъзе аз суратҳои духтар мазмуни шаҳвонӣ пайдо кардан гирифт. Оқибат маълум гардид, ки то ин вақт на бо духтар, балки бо як марди таҳдидгару қаллоб гуфтугӯ доштааст. Бо истифодаи аксҳои духтарҳои зебо писаронро ҷалб карда, аз онҳо маълумот ё суратҳои шаҳвониро гирифтаву бо ин роҳ онҳоро муттаҳам намудаву пул ситониданӣ мешудаст. Умед низ ба доми чунин қаллоб афтода аз тарси паҳн нагардидани аксҳояш маблағҳои зиёдеро ба суртҳисоби ин ҷинояткор ирсол намудааст. Пас аз ин воқеа пурра аз телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ даст кашид. Албатта, ин воқеа барояш як дарси хуб ҳам шуд. Риштаи фикри Анӯшервонро хитоби профессор канда кард.

пешина
аз 161
навбатӣ