Фарзияи усто Салим

– Рафиқон! – Қабл аз он ки оид ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарф зад, бояд сабаби дар миёни мардум шуҳрат пайдо кардани ин гуна шабакаҳоро андешид.
Яке аз сабабҳо лаззату ҳаловат аст, зеро муошират дар ин гуна шабакаҳо осон аст, фикри шарм кардан аз либосу намуди зоҳирӣ нест, метавонӣ умуман сухане ҳам нагӯӣ, танҳо ҳарфу суратакҳои рангоранг, ҳолати рӯҳии сохтаатро нишон диҳиву халос. Баъдан ин қадар одамон аксҳои худро дар саҳифаҳояшон ҷой додаанд, ки ин ҳам бесабаб нест, зеро дар аксҳо инсон метавонад тамоми норасоиву камбудияшро пинҳон намуда, шакли нави виртуалии ба тавраш беҳтарро ҷой кунад. Ин аксҳоро дигарон маъқул дониста, баҳо медиҳанд ва шумо фахр карда боз чуқуртар ба олами виртуалии шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шудан мегиред, то аз нав ҳиссиёти хубтарро гирифта, мисли нашъаманд меъёри «лаззат»-ро зиёдтар мекунед. Пас аз ин майнаи сари одам боз «лаззатҳои» дигарро талаб намуда, дар як вақт ҳам сурат мемонем, ҳам мусиқӣ гӯш мекунем, ҳам наворҳои видеоӣ тамошо мекунем ва ҳам ахбори гуногунро мехонем, ки ин ҷараён майнаи сари моро хаста карда, қобилияти диққат карданамонро коставу парешонхотир мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё