Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Вақте чашмонамонро аз экранҳо дур мекунем, аллакай пир шуда рафтем, халос, умр рафт, беҳуда рафт, дар доми экранҳо рафт... Акнун Анӯшервонҷон, канӣ мегуфтед, ки вақти зиёдашонро одамон ҳангоми истифодаи интернет ба чӣ сарф мекунанд? Посух яктост, ба ҳеҷ чиз ва ин ҳеҷ чиз ном дорад – шабакаҳои иҷтимоӣ. Ин гирдобест дар дохили гирдоби бузургтаре, ки агар ба доми он афтодӣ, маҳол аст, ки баромада тавонӣ. Ана тамом! – гуфта, ба суханаш хотима бахшид мӯйсафед.
Ногаҳон, суҳбати тӯлонии аъзоёни клубро садои тақ-тақи дари хона қатъ намуд. Усто Салим оҳиста ба самти дари даромад равон шуда, пас аз сонияе мисли шамол боз гашту хитоб намуд, – ҷин занад, хомӯш шавед, ин хоҳари ман Сабоҳат аст.
Аз шунидани ин ном ҳам профессор ва ҳам полковник, мисли хонандагони синфҳои ибтидоӣ, ки аз омадани муаллими сахтгир дар ҷояшон шах шуда меистанд, чӣ кор карданашонро надониста монданд.
Анӯшервон аз чунин рафтори кӯдаконаи ин се марди ҷиддӣ базӯр хандаашро дошта, интизори ба чӣ анҷом ёфтани кор буд. Тақ-тақи дар хомӯш нашуда, баръакс зарбаҳо боз ҳам сахттару бошиддаттар мешуданд.

пешина
аз 161
навбатӣ