Фарзияи усто Салим

Пас аз тақрибан се-чор дақиқаи кӯфтанҳо ягон кас дарро накушод ва Сабоҳатбону, ки овози баланди худодод дошт, чун сарояндаи опера овозашро кашиш дода хитоб намуд:
– Ҳой пирсагҳо, кушоед дарро, ман медонам, ки шумо имрӯз дар хона ҳастед, агар замин кафида ду бӯлак шавад ҳам, вале расо соати дувоздаҳу сиҳ дақиқа оши паловатон кашида мешавад. Кушоед, вагарна ба Худо қасам, ки аз садоям нафақат бошандагони ин бино, балки тамоми маҳалла давида меоянд. Тарсончакҳо, номардҳо, кушоед, ки дарро зада мешиканам, – ин зани калонсол чунон ғазаболуд буд, ки ҳатто аз дохили хона қудрату тавоноии беохири ӯ ҳис мешуд.
– Чӣ кор кунем? Аз тиреза худамона партоем нашавад, – хитоб намуд полковник.
– Бояд кушоем, вагарна тамоми ҳамсояҳо давида меоянд, ман хислати хоҳарамро медонам, агар вай гуфт «мекунам», мекунад, бениҳоят якрав аст ин зан, – ба рафиқонаш муроҷиат намуд усто Салим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё