Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– бо лаҳни шахси ранҷида ҳарф мезад Анӯшервон.
Ин феъли тифлонаи Анӯшервон, мӯйсафедро хандонд, ахиран дӯсташро дилбардорӣ карда ҳарф зад, – писарам, узри зиёд, ки аз ин ниятам ба шумо ҳарф назадам, баъзан дар зиндагӣ чунин давре мешудааст, ки мехоҳӣ танҳо худат мушкилатро ҳал кунӣ, ман бошам аз он фирқа одамоне ҳастам, ки барои кумак ба касе муроҷиат намекунам, лекин ин маъное надорад, ки туро эҳтиром намекунам, ту дӯсти ман мемонӣ.
Анӯшервон гарчанд бо ин далел қаноатманд шуда буд, вале мехост сабаби дурӣ ҷустани усторо фаҳмад.
Усто Салим, ки марди зирак буд, ин суоли дӯсташро аз нигоҳаш дарк намуда худаш муамморо кушод.
– Дӯстам, ман мефаҳмам, ки вазъият бо ману бо ин паноҳгоҳ, мулоим карда гӯем, барои ту нофаҳмост, аммо агар каме фурсат дошта бошӣ, ҳамаашро мефаҳмонам, пас аз ин ихтиёр дорӣ дурустӣ ё хатогии чунин ҳалли масъаларо иброз дорӣ. Ҳоло рӯз дароз аст ва то шом насиб ба шаҳр мерасӣ. Полковник ягон ҷо намеравад, ӯ туро интизор мешавад, – гуфт усто Салим ва ба тарафи полковник нигоҳ кард, полковник бошад ба суҳбати онҳо аҳамият надода, китоб дар даст машғули мутолиа буд.

пешина
аз 161
навбатӣ