Фарзияи усто Салим

Ростӣ вай каме хаста шуда буд, зеро дар ин синну сол рондани мошин ба масофаҳои дур инсонро хело шалпар мекунад. Баъдан ӯ барои идораи мошинаш ба касе эътимод карда наметавонист, ҳарчанд Анӯшервон чандин бор таклиф намуд, ки метавонад ӯро иваз намояд, аммо бефоида буд, ба ин таклифи Анӯшервон полковник танҳо табассум мекарду чизе намегуфт.
Акнун, ки Анӯшервон пас аз чунин як муқаддимаи суҳбат ба як «гӯши калон» мубаддал шуда буд, мӯйсафед боз давом дод.
– Медонӣ, чӣ дӯстам, тӯли ин вақт, яъне муддати тақрибан ҳафт сол, ман бо экранҳо мубориза мебурдам, лекин ин мубориза дар дохили худи ман буд, аз тамоми технологияҳои нав ҳарос доштам, умуман аз телефону телевизиону компутар даст кашида будам. Ҳатто фарзияам, ки сабаби бадбахтиҳои олами муосир экранҳо ҳастанд, ба вуҷуд омад. Лекин ин муборизаам ягон самарае набахшид, баръакс аз ман одамон дур шуданду ҳатто девона низ бароварданд, – гуфта нимтабассуме кард ӯ, – вале як рӯз фикри аҷибе ба сарам омад, ки пурра тарзи андешарониамро тағйир дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё