Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Бе шумо ин кор номумкин аст, баъдан шумораи мо зиёд шудан мегирад, шурӯъ аз оила, маҳалла, деҳаву шаҳр, кишвар ва кулли мардуми замин. Мо воқеан дар замоне умр ба сар бурда истодаем, ки башарият муҳтоҷи навгонӣ аст, одамизод худ бехабар аллакай аз экранҳо безор аст, онҳо эҳтиёҷ ба меҳру муҳаббати табиӣ ҳастанд… Бале меҳру муҳаббате, ки аз экранҳо гирифта наметавонанд.
Чунин андешарониҳои усто боиси ифтихору эҳтироми Анӯшервону полковник шуда, ҳарду оромона ба суханони усто гӯш мекарданд. Ин суханронии усто хотираҳои нуҳуфтаи айёми кӯдакии Анӯшервонро дубора бедор кард. Ҳанӯз 7–8 сол дошт.
Рӯзе дар саҳни мактаб кулча дар даст интизори оғози дарс буд, ҳамин ки занги мактаб садо дод аз саросемагиаш кулчаро партофта ба дарс шитобид. Ии амал аз чашми роҳбари синфашон, зани солхӯрдаи меҳрубон – Воҳидова Сабоҳатхон пинҳон нашуд.
Муаллима қабл аз оғози дарс маҳз дар бораи эҳтироми нон бо талабагон суҳбат кард, ҳар чандки Анӯшервонро танбеҳ надод, аммо ӯ хатои худро дарк карда, аз кори кардааш то ҳозир пушаймон аст.

пешина
аз 161
навбатӣ