Фарзияи усто Салим

Ҳақиқат ба ҳаёти хаёлию фиреб иваз мешавад,- хулоса намуд профессор.
- Писарам шумо фарзанд доред? – ногаҳон ба Анӯшервон суол дод профессор.
-Бале дорам, як писарча дорам, пас аз ду сол бояд ба мактаб равад,- посух дод Анӯшервон. - Фаҳмо, ман ҳам набераҳои зиёде дорам ва аз ҳама хурдиаш 5-сола шуд, номаш Нигинаҷон, аз писари калониам. Барои чӣ ман ин суолро додам, агар мушоҳида карда бошед, фарзанди шахсан шумо ё кӯдакону наврасони имрӯза, дар як шабонарӯз тақрибан 5 соати худро ба тамошои филмҳои аниматсионӣ сарф мекунанд. Насли мо бештари вақти худро дар кӯча бо рафиқонамон машғули бозиҳои гуногун мегузаронанд. Дар хоку лой ғӯтида намефаҳмидем, ки чӣ гуна вақт мегузарад, ҳатто худораҳматӣ модарам, зада-зада ману бародаронамро ба хона медароварду мо гирён хоҳиш мекардем, фурсати дигаре диҳад, то дар берун, дар ҳавои тоза, зери нурҳои дурахшони офтоб бозӣ кунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё