Фарзияи усто Салим

Бовар кунед, то ҳол ин таассуроти даврони тифлӣ аз хотир набаромадааст. Барои мо дар он шабу рӯз на телефон, на компютер, на он сабилмондая номаш чӣ, ҳо чоркунҷа-ку, -гуфта бо дастонаш ишора намуд мӯйсафед. Анӯшервон тахмин кард, ки сухан дар
5 бораи планшет меравад ва аз ин сабаб калимаи «планшет»-ро гуфтан пас, мӯйсафед суханашро давом дод.
-Офарин, планшету мланшет барин чизҳо сари моро гаранг намекарданд. Телефони мо лой буд, телевизори мо хок буд ва компютери мо об буд, ана хушбахтӣ. Акнун чӣ? Ростӣ, дилам месӯзад, вақте набераҳакома мебинам, зеро мисли робот чашмонашон бидуни ягон эҳсосот филмҳои тасвириии бемазмунро дида, лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёташонро дар
5 Планшет- дастгоҳҳои электронӣ дорои экрани сенсорӣ, ки имкон медиҳад, барномаҳои компютериро бо воситаи ангуштон истифода баред.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё