Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

иҳотаи олами бофта, бо ин экранҳои ҳилагар, ки аз онҳо роҳи гурез нест, мегузаронанд… - гуфта суханашро хотима дод профессор.
Полковник, ки бодиққат ба рафти суҳбат гӯш мекард, ногоҳ ба ҳиссиёти баланд дода шуда, чеҳраи чун лаблабу ранггирифтаашро бо ду кафи даст молиш доду хитоб намуд.
– Ё ин филмҳои муосири фантастикиро бинед, дӯстон, куллан дар дохили бино, аниқтараш дохили бинои сабз сабт шуда, на танҳо тамошобинони ҷавон, балки таваҷҷуҳи зиёди аҳолии кураи заминро ба худ ҷалб кардаанд. Бовар кунед, ҳафтаи гузашта аз оинаи нилгун бо набераам, ки мухлиси ин гуна филмҳои фантастикӣ аст, чунон як филми фачу пучро тамошо намудем, ки буҷаи он садҳо миллион долларро ташкил дода, даромадаш тақрибан як миллиард доллар будааст. Тасаввур кунед, як милиард доллар! Пас аз тамошои он дилам ба насли ҷавони имрӯза сӯхта, чанд рӯз фикракӣ будам. Ин қадар сужаи сабуки бемаънӣ, тахайюли костаи коргардону аҳли эҷоди ин филмро боре ҳам надида будам. Филм аз аввал то ба охир аз эфектҳои компютерӣ иборат буда, чеҳраҳои қаҳрамонон низ сохтаву бофта ва компютерӣ буданд.

пешина
аз 161
навбатӣ