Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

самти рахти хобаш қадам монд, кашаки ҷевони
китобро кушода, албоми суратҳоро гирифту ба курсии
назди кат нишаст. То чанд муддат ором нишаст, гӯё
намехост, онро кушода ғарқи хотираҳои дербоз
нуҳуфтаи хеш шавад. Албом гулчини беҳтарин
лаҳзаҳои ҳаёти зану шавҳар ва фарзанди
ҷигарбандашро дар худ маҳфуз медошт. Ниҳоят албом
кушода шуд, дар акс Диловарҷони панҷсола, писараки
бардаму зебояш бо кадом як китобчае дар даст. Дар
саҳифаи дигар аҳли оила дар боғи ҳайвонот,
Диловарҷон дар назди қафаси хирсҳо аз тарс гиря
мекунад. Ҳамин тавр, беш яз як соат усто аксҳоро аз
назар мегузаронду гоҳ табассум мекард ва баъзан
баланд-баланд механдид. Ногаҳон аксе табъашро хира
кард. Як лаҳзаи начандон хуби ҳаёташро ба хотир
овард, аслан он ҳавлии падару модар ва оғози
хонадоршавиаш буд. Аз сабаби ба доми ҳиллаи молии
6
«МММ» гирифтор шудани падараш, ҳавлиро аз даст
дода буданд. Аз чунин бохти сахт падари усто сактаи

6 «МММ»- бузаргтарин ширкате, ки ба фиребгарии молӣ дар Россияи солҳои навадум машғул буд. Беш аз даҳҳо миллион одамон аз фаъолияти ин ширкат пурра муфлис шуда буданд.

пешина
аз 161
навбатӣ