Фарзияи усто Салим

дил шуду аз олам гузашт. Маҳз ин воқеа назари усто Салимро нисбат ба экранҳои телевизион тағйир доду ҳисси нафратро дар қалбаш ҷой намуд, зеро маҳз рекламаи телевизионии рангорангу пайвастаи ин ширкат сабаби гумроҳии мардум шуда, даҳҳо миллион нафар одамон пулу моли охиронашонро бохтаву чанде дигар ҳатто худкушӣ намудаанд. Чунин рӯйдодҳо бешубҳа ба ҷаҳонбинии инсон таъсири худро мерасонанд. Баъдан марги ҳамсару фарзанди ягонааш низ нафрати ӯро нисбат ба экранҳо , хусусан телефонҳои мобилӣ бештар намуд. Ба қавли ӯ мавҷи ин телефонҳо наздиконашро ба касалии саратон гирифтор кардааст.
Усто албомро аз нав ба кашкашаки ҷевон гузошта рӯи кат дароз кашид.
V
Чун ҳамешагӣ, аввалин рӯзи ҳафтаи корӣ, бо
ташвишу даводавҳои зиёди аҳли кормандони нашрия
оғоз гардид. Барои омода намудани беш аз 30 номгӯӣ
маводҳои чопӣ барои Форуми дарпешистода вақти кам монда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё