Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Чунин андешаи Анӯшервон, бешубҳа Умедро ба шавқ овард. Ӯ низ дар ин бора бисёр фикр кардааст, – сабаби тамоми бадбахтиҳои кормандон аз кордиҳанда аст, яъне қудрати маъмурияти идора аст, дӯстам, зеро мо кормандон аз онҳо вобаста мебошем. Фишангҳои идора намудану ба мо таъсир расонидан хело зиёд аст.
Директор метавонад маошатро кам кунад ё зиёд, ба корат эрод гирад ё таъриф кунад, сиёсат кунад ё баръакс, бо муомилаи хуб ягон чизро фаҳмонад. Аз ҳама муҳимаш, тарси бе маош мондан аст, бале тарси бе сарчашмаи даромад мондан моро водор мекунад, ки ба тамоми нозу найрангҳояшон тоқат кунем. Ману шумо барин кормандон сад дар сад эътимод дорем, ки маъмурият метавонад моро танбеҳ, ҷазо, ҳушдор диҳад ё ягон чизи дигар. Одатан роҳбарият аз ин фишангҳо хуб огаҳ буда, онро моҳирона истифода мебарад.
Масалан, агар ман ё шуморо як бор ишора кунанд, ки аз кор холӣ мекунанд ё вазифаи пасттар медиҳанд, мо зуд рафторамонро дигар карда, ба тамоми супориши маъмурият розӣ мешавем. Лекин аз ҳама фишанги моҳиронаи маъмурияти корхонаамон, расидан ба иззати нафси корманд аст. О, дар хотир биёр, чӣ гуна

пешина
аз 161
навбатӣ