Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Тарси бекор мондан, тарси бепул мондан, тарси гуруснагӣ, тарси пиршавӣ, тарси марг ва ҳатто тарс аз худи тарс. Ҳа , боз як тарси дигар илова шуд, ба қавли усто Салим ин тарс-тарси экранҳо будааст…
Аз ҳама аҷоибаш он аст, ки аксарияти ин тарсҳо беҳуда буда, дар асл, мо бештар аз он чизҳое, ки ҳанӯз рух надодаву шояд рух ҳам надиҳанд, метарсем.
– Дӯстам, чаро чунон фикракии? – риштаи фикрашро бурида, назди мизи Анӯшервон наздик шуд Умед, ӯ мисли ҳарвақта хело болидарӯҳ буд ва дар зиндагӣ шояд кам чизе бошад, ки сабаби хира гардидани хушҳолиаш шавад.
– Ҳа, Умед, камтар ба андеша фурӯ рафтам, вақтҳои охир барои ман муҳити идораамон на он қадар маъқул аст, дӯстам, роҳбарият доимо ҷанҷол мекунад, кормандон ҳама фикракию мушавваш, боз ин форуми дарпешистода, чунин ба назар мерасад, ки аҳли коллектив пурра ғуттаи кор шудаю ба зиндагии шахсӣ умуман фурсате надоранд, – посух дод Анӯшервон.

пешина
аз 161
навбатӣ