Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

бегоҳирӯзӣ низ аз гармии тоқатфарсо мисли танӯр
тасфида, тагчарми пойафзоли Анӯшервон гармии
роҳро эҳсос менамуд. Ин бегоҳ ӯ тасмим гирифт, ки ба
хона пиёда равад, зеро нақлиёти мусофиркаш, пур аз
мардуми хасташудаву асабӣ буда, хоҳиши бо нақлиёт
хона рафтани ӯро бартараф намуд. Одатан пас аз
соатҳои тӯлонии нишаст дар курсии корӣ, ягон чиз
мисли гаштугузори оромона барои ҷисму рӯҳи инсон
лаззати зиёд намебахшад. Пас аз кор машқи ҷисмонӣ
намудан, хоҳ он гаштугузор аст, хоҳ ягон намуди
дигари варзиш, барои нафаре, ки ҳаёти камҳаракат
дорад, фоидаи зиёде дорад. Сабаби хастагии инсон
асосан хаста шудани мағзи сар буда, маҳз мағзи сар ба
дигар аъзои бадан аз хастагиаш огоҳӣ медодааст. Бале,
ба вуҷуд омадани касалиҳои гуногун аз рӯзи дароз дар
мизи корӣ нишастан аст, бинобар ин онро бояд бо
тамрини ҷисм бартараф сохт. Анӯшервон оид ба ин ва
дигар чизҳо андешакунон ба самти хона ҳаракат
мекард, ки ногаҳ аз ҷониби рости роҳ усто Салимро
машғули ким-кадом андешаҳо, дар даст қаламу дафтар
дид. Соат аллакай аз ҳафт гузашта буд ва мӯйсафед,
ким-чи худ ба худ гуфтаву ҳамзамон дар дафтарчааш менавишт.

пешина
аз 161
навбатӣ