Фарзияи усто Салим

Ин рафтор ӯро ба ҳайрат гузошт. Дар ниҳояти кор, барои бартараф кардани кунҷковиаш Анӯшервон ба самти усто Салим ҳаракат намуд ва се қадам пеш аз расидан бо овози баланд, – усто Салим! – хитоб намуда, ӯро аз андешаю рафтори аҷибаш лаҳзае боздошт.
– Ҳа, писарам хуб ҳастӣ? – гӯён аз дидори Анӯшервон шод шуд ӯ. – Медонӣ чӣ? Ман як тадқиқоти хурде карда истодаам, ин чиз барои баҳсҳои «клуб»-и ояндаамон кумак мекунад. Гӯш кун, ту ҳозир вақт дорӣ, ки бо ман дар ин кор ҳамроҳӣ кунӣ?- бо нигоҳи тифлонае, ки интизори маблағ барои хариди яхмос аст, муроҷиат намуд мӯйсафед.
Анӯшервон аллакай пурра ихлосманди фарзияву кашфиёти ин марди аҷиб ва интизори чунин таклиф буд. Албатта, ман бо шумо! Ин кашфиёт алоқамандӣ ба масъалаи экранҳову таъсироташ ба башарият дорад? – суол дод Анӯшервон.
– Албатта дорад, ин тадқиқот идомаи мантиқии таъсиррасонии экранҳо мебошад. Ва бо бовари комил гуфта метавонам, ки ту худ ба ин чиз мӯътақид мешавӣ,-гуфта ду нафар оҳиста-оҳиста қадам заданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё