Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Акнун ман аз шумо хоҳиш дорам, писарам, илтимоси зиёд, мӯйсафедро аз ин фикраш гардонед, нагузоред, ки ӯ худро зинда ба зинда гӯр кунад. Аз дасти ман чизе намебарояд, зеро бародарам умуман ба ман гӯш намекунад. Шумо ягона умеди ман ҳастед… - гӯён бо чашмони пур аз ашку нигоҳи илтиҷоомез нигоҳ кард пиразан.
Бо ҳамин мулоқоти ҳайратовари ин ду нафар ба итмом расида, Анӯшервон қавл дод, ки тамоми кӯшишашро барои аз ин иқдом даст кашидани Салим равона мекунад, аммо чӣ гуна?

VII

Субҳи дигар Анӯшервон ба утоқи кории усто Салим рафта ӯро дар он ҷо пайдо карда натавонист, боқимондаи рӯз низ усто дар ягон ҷой намоён набуд.
Анӯшервон ният дошт, ки бо мӯйсафед танҳо ба танҳо суҳбат карда, ӯро аз ба даруни кадом як паноҳгоҳ рафтанаш боз гардонад. Воқеан ин кор кори сангине буд, ки ҳар кас ҷуръат карда наметавонист бо чунин марди якрав баҳс кунад, аммо хатари аз даст додани дӯст, бале дӯст, зеро усто тӯли ин якчанд моҳ барои Анӯшервон хело наздик шуда буд ва афзалтар аст баҳри наҷоти ӯ ягон чорае андешид.

пешина
аз 161
навбатӣ