Фарзияи усто Салим

Аввалин андешае, ки ба сари Анӯшервон омад, муроҷиат намудан ба мутахассисони соҳаи касалиҳои рӯҳӣ буд, аммо то чӣ андоза онҳо кумак менамоянд, мабодо ҳолати усторо баръакс бадтар накунанд? Аз дигар тараф, Анӯшервон мӯйсафедро бемори рӯҳӣ намедонист, зеро шуурнокӣ ва тарзи фикррониаш на кам аз сатҳи доктори илмҳои дақиқ буда, ҳамсуҳбаташро ҷаҳонбиниву тарзи пешниҳод намудани масъала ва роҳҳои ҳалли он ба ҳайрат мегузошт. Ҳамин тавр, то ба охир расидани рӯзи корӣ имкони пайдо намудани мӯйсафед нашуд.
– Боке нест, – фикр кард Анӯшервон, рӯзи шанбе дар «клуби дӯстдорони оши палов», ҳатман ӯро дидан муяссар мешавад, зеро кор кору, лекин ҷамъомади дӯстдорони оши палов боре ҳам ба таъхир намонда будааст. Дар давоми ҳафта низ аз мӯйсафед ягон дараке набуд, баъзан чунин мешудааст, ки нафареро сахт пазмон шудаву зуд дидан мехоҳӣ, аммо бо сабабҳои номаълум наметавонӣ. Ва баръакс, агар ба ӯ коре надошта бошӣ, ҳамеша дар ҳар як кунҷи корхона пайдо карда метавонӣ, аҷиб…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё