Фарзияи усто Салим

Ҳамин тавр ҳафта сипарӣ шуда, рӯзи шанбе ё худ «рӯзи оши палов» низ омада расид.
– Ассалом писарам, дастонатро шушта дар сари дастархон нишин, пас аз ду дақиқа ошро мекашем, – гуфта Анӯшервонро пешвоз гирифт мӯйсафед.
Дар меҳмонхона мисли ҳамарӯза баҳс дар ҷӯшу хурӯш буда, полковник бо профессор кадом масъалаеро муҳокима доштанд.
– Боз дар бораи экранҳо баҳс рафта истодааст,- тахмин намуд Анӯшервон ва салом дода ба рӯи кӯрпача нишаст. Ҳамзамон тарҳ мекашид, ки чӣ гуна дар алоҳидагӣ фурсати мувофиқ ёфта, бо бобои Салим дар хусуси паноҳгоҳу он ниятҳои хело ташвишовараш ҳарф занад.
Маълум буд, ки то итмоми ош ба ин масъала ҳарф задан мумкин нест, -беҳтараш пас аз рафтани меҳмонон бо ӯ суҳбат кунам,- ба хулоса омад ӯ.
– Ҳай, ҷавони зебо, фикри шумо барои равшанӣ андохтан ба баҳси ману профессор мисли ҳаво зарур аст, – хитоб намуд ба Анӯшервон полковник.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё