Фарзияи усто Салим

– Стоп, то ош хӯрда нашавад, ягон масъалаи муҳим ё на он қадар муҳим бояд баррасӣ нагардад, – табақи ош дар даст аз дар даромада бо овози мутантан огоҳ набуд мӯйсафед.
Аҳсан, ана ин таклифи хуб, аз баҳсҳои мо шикам сер намешавад, биёед беҳтараш оши паловро печонда, қувва гирифтаву баъдан баҳси худро идома медиҳем, – таклифи дӯсташро дастгирӣ кард полковник.
Рафиқон, акнун, ки ош печонда шуд, давом медиҳем, – гуфта ба ҳамтабақонаш муроҷиат намуд усто Салим
– Дӯстам Салимҷон, ман бори дигар ба дуруст будани фарзияи шумо дар хусуси аз ҷониби экранҳо идора шудани шуури мардуми сайёраи мо муътақид шудам. Имрӯз ҳангоми ин ҷо омадан, дар дохили нақлиёти мусофиркаши рақами 16 будам. Як чизи аҷоибро мушоҳида намудам. Ду курсӣ болотар аз ман, наздиктар ба ронанда, як духтари тақрибан 25-сола айнаки сиёҳ дар чашм омада нишаст, дар гӯшаш гӯшмонаки телефон, ду чашм ба экрани телефон дӯхта, чизеро мехонд ё бозӣ мекард. Садои баланди мусиқиашро аз гӯшмонаки телефонаш кулли мусофирони нақлиёт шунида метавонистанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё