Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муаллифи тазкираи «Рӯзи равшан» Музаффар Ҳусайни Сабо илова бар Бедили Саҳоранпурӣ, ки зикраш гузашт, аз мавҷудияти шоири дигаре бо номи мавлавӣ Муҳаммад Ҳомидалии Бедил хабар додааст, ки муъосир ва дӯсти ӯ будааст. Ин шоир дар таърихи итмоми «Рӯзи равшан» қитъае гуфта будааст. Ҳусайни Сабо пеш аз зикри он қитъа чунин овардааст: «Аз ҷаноби меҳинбародари волошон мавлавӣ Муҳаммад Ҳомидалии Бедил сарриштадори остонаи раёсати Бҳупол».
Қитъа ин аст:
Ҳаббазо, табъи нуктасанҷи Сабо
Ки аз ӯ ғунчаҳои табъ шукуфт,
Ба қалам ҳоли шоирон биспурд,
Ошкоро намуд ҳоли нуҳуфт.
Соли анҷом табъи Бедили зор
«Назҳатафзойи табъ равшан» гуфт.
(1298\1880-81) Холмуҳаммади Хаста дар рисолаи мазкури «Мунтахабуззамон» аз шоирони асри XIX Ҳиндустон чанд танро ном мебарад, ки бо тахаллуси «Бедил» бо забонҳои урду ва форсӣ шеър мегуфтаанд. Яке аз онҳо мавлавӣ Ҳабибурраҳмон Бедили Саҳоранпурист, ки шогирди Мирзо Асадуллоҳи Ғолиб (1797-1869) буда, тахаллуси «Бедил»-ро аз ӯ гирифта будааст.
Дигаре хоҷа Ғуломҳусайн Бедили Деҳлавӣ, ки муъосири Мирзо Ғолиб буда, бо касби табибӣ рӯз мегузаронидааст. Саввумӣ, мавлавӣ Абдурраҳим Бедили Деҳлавӣ, ки аз дӯстон ва паҷравони Алтоф Ҳусайни Ҳолӣ (1837-1914) ба шумор мерафтааст. Чаҳорумӣ, Саидҳомид Ҳусайн Бедили Шоҳиҷаҳонпурӣ, ки муъосир ва дӯсти наздики Шиблии Нӯъмонӣ (1857-1914) маҳсуб шудааст.
Холмуҳаммади Хаста дар рисолаи мазкур аз шоири бедилтахаллуси дигар низ ном бурдааст, ки дар таърихи вафоти мавлавӣ Абдурабби Деҳлавӣ ном воъиз қитъаи таърих гуфтааст. Қитъаи таърих ин аст:
Ҷаноби мавлавӣ Абдурраб он, к-ӯ
Ба вақти ваъз дил мешуд шикораш,
Дар ин моҳи муҳаррам ҷонбаҳақ шуд,
Зиҳӣ раҳмат, ки борад бар мазораш.
Рақам зад соли реҳлат килки Бедил:
«Дуруди эзидӣ бодо нисораш»
(1304\1886).
Ва ниҳоят, охирин шоири бедилтахаллуси Ҳиндустон Мирзо Диловархони Бедил (1845- 1939) аст, ки дар Пешовар ба дунё омада, дар ҳамон ҷо вафот кардааст. Девонаш, ки аз ашъори форсию урду ва чанд тақризи муъосиронаш бар он иборат аст, дар замони зиндагии ӯ ба унвони «Сӯзи Бедил» (Пешовар, 1931) ба табъ расидааст.
Аз шоирони бедилтахаллусе, ки дар Эронзамин зистаанд, роҷеъ ба даҳ нафарашон маълумоти нисбатан аниқ дастрас мебошад. Яке аз онҳо ҳоҷӣ Мирзораҳим Бедили Шерозист, ки надим ва ҳакимбошии подшоҳи Эрон Фатҳалишоҳи Қоҷор (1801-1834) будааст. Ин шоир бо номи Бедили Ҷаҳрамӣ низ маълум аст. Сабаби ба ин нисба низ ёд шудани ӯ он аст, ки гузаштагонаш аз Ҷаҳрам ном мавзеъи вилояти Форс будаанд.
Гузаштагони шоир дар замони давлатдории Сафавия аз Ҷаҳрам ба Исфаҳон омада, дар ин шаҳр сукунат ихтиёр намудаанд. Падари шоир Мирзосайид Муҳаммад ба илтимоси подшоҳи Эрон Каримхони Занд (1760-1779) аз Исфаҳон ба Шероз рафта, мутаваттин гашт ва Мирзораҳим дар Шероз таваллуд шуда, дар ҳамон ҷо касби камол намуд. Ӯ аз мардони бомаърифати асри хеш буда, дар илми тиб ва шуғли табобат дасти тавоно дошт. Анвоъи гуногуни хатро низ хуб менавишт. Мирзораҳими Бедил дар замони Фатҳалишоҳи Қочор аз Шероз ба Теҳрон омад ва яке аз муқаррибон ва надимони хонадони шоҳӣ гардид. Ӯ илова бар иҷрои вазифаи ҳакимбошии дарбор табиби хосаи духтари Фатҳалишоҳ Фахруззамонхонум мулаққаб ба Фахруддавла низ буд. Ба ин муносибат ӯ бо ному лақаби Мирзораҳими Фахруддавла шӯҳрат ёфт ва ин лақаб ҳатто ба писарону наберагонаш низ гузашт.

пешина
аз 250
навбатӣ