Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мирзораҳим дар соли 1245(1829-1830) аз хидмати шоҳӣ истеъфо дода, ба Шероз рафт ва муддате дар он ҷо иқомат намуд. Сипас ба ҳақ рафта боз ба Шероз баргашт. Ӯ дар соли 1258(1842-1843) азми сафари Теҳрон намуда, дар роҳи ин сафар дар шаҳри Қум бемор шуда, аз олам гузашт. Қабраш дар Қум мавҷуд ва маълум аст.
Мероси адабии Мирзораҳими Бедил асосан аз ғазалу қасида иборат аст. Бино бар қавли муъосирашон «кам гуфтаасту хуб ва андак навиштаасту марғуб».
Тазкиранависони асри XIX Мирзораҳими Бедилро пайрави шайх Саъдӣ гуфтаанд.
Чунончи, Абдураззоқбек Мафтуни Данбалӣ дар асари хеш «Нигористони Доро» навиштааст:
«Хутути сабъа, хусусан, настаълиқро некӯ менависад ва гоҳ-гоҳе абёти маснавӣ ба тарзи орифи Румӣ оварад ва маънии ширин парварад. Ва дар ғазалпардозӣ табъаш ба шеваи шайх Саъдии Шерозӣ ошност. Ғазалро соф ва намакин мегӯяд».
Ҳамин муаллиф дар ҷои дигар менависад, ки «дар ҳама фунуни шеър маҳорати комил дорад ва фақир салиқаи сухансанҷии эшонро писандидаам».
Муаллифи тазкираи «Хадиқатушшуъаро» Мирзоаҳмади Девонбегии Шерозӣ дар бораи осори шоир навиштааст: «Аммо дар шоирӣ девоне муштамил бар се ҳазор байт аз қасоиду ғазалиёт ва маросиву ғайра доштаанд. Дар сафари Макка ҷиҳози эшон тӯфонӣ шуд ва барои ҳифзи ҷон ағлабу аксар амволи аҳли ҷиҳозро ба дарё рехтанд, то ҷиҳоз сабук шавад ва аз хатар бираҳад, он девон бо соири амволашон ба дарё рафт. Дар муроҷиъат аз он чӣ дар нусхаҳои мутафарриқ боқӣ буд ва ашъори баъд аз он сафар девони дигар мураттаб карданд, қариб шаш –ҳафт ҳазор байт, ки алҳол мавҷуд аст».
Як нусхаи хаттии девони Мирзораҳими Бедил, ки дар соли 1309 ҳиҷрии қамарӣ (1891-92 милодӣ) китобат шудааст, дар захираи дастхатҳои Институти шарқшиносии АИ Россия зери №235 маҳфуз мебошад. Дар феҳристи мухтасари захираи мазкур, ки бо номи «Нусхаҳои хаттии форсӣ ва тоҷикии Институти халқҳои Осиё» (М. 1964) ба табъ расидааст, ин нусха саҳван ба Мирзо Абдулқодири Бедил нисбат дода шудааст. Дар сурате, ки номи муаллифи нусха дар охири он сареҳан зикр гардидааст. Котиби нусха, ки Мухаммад Қудсии Шерозӣ ном шоир будааст, дар поёни бахши ғазалиёт чунин навиштааст: «Ҳасбуламри ҷаноби мустатоб сололалсодотулъуззом зариййаи набавӣ, хулосаи дудмони Мустафо алҳоӣ Мирзо Муҳаммадҳасан алҲусайнии алМусавии Фахруддавла ибни алҳоӣ Мирзоалии Фахруддавла ибни Мирзораҳими Фахруддавла соҳиби ҳезе аддевон ашшариф нигориш пазируфт. Дар санаи 1309. Алҳамду лиллоҳи рабилъаламин».
Тавре ки мебинем, нусха бо амри набераи Мирзораҳими Бедил, яъне Мирзо Муҳаммадҳасан Алҳусайнии Мусавии Фахруддавла китобат шудааст. Котиби нусха Муҳаммад Қудсии Ҳусайнӣ дар сахифаҳои охири нусха «Баҳорнома» ном маснавии худро низ ҷой додааст. Маснавӣ аз 8 саҳифа иборат аст. Пас аз анҷоми маснавӣ ин матн омадааст:
«Ба ҷиҳати ҷаноби мустатоби фазоилукамолотинтисоб ҳоҷӣ Мирзоҳасани Фахруддавла навишта омад. Ба қалами ҳақири фақир Муҳаммад Қудсии Ҳусайнии Алшерозӣ, сана 1308».
Нусхаи девон аз 172 варақ иборат буда, шомили фақат қасидаву ғазал аст. Чанд байтро аз қасоиди он сабт мекунем:
Машав мағрур, эй ғофил, бад-ин якрӯзаи дунё, Ки ин давлат намемонад барои ҳеҷ кас барҷо.

пешина
аз 250
навбатӣ