Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Куҷо шуд тахти Ҷамшеду куҷо шуд тоҷи Кайхусрав?
Куҷо шуд мулки Искандар, куҷо шуд ҳашмати Доро?
Ин манам, шоҳо, ба даргоҳат амон овардаам, Худ амон аз фитнаи охирзамон овардаам.
Ғазалҳои Мирзораҳими Бедил равону хушоҳанг буда, ғазалҳои Ҳофизу Камол ва дигар шоирони сабки ироқиро ба хотир меоранд. Инак, ба ҳайси намуна ду ғазали шоирро дарӣ менамоем:
Дардманди ғами ӯ кай талабад дармонро?
Кофари ишқи накӯён чӣ кунад имонро?
Ба сарат, к-аз сари тоҷу кулаҳ осон гузарад, Гар гадоии дарат даст диҳад султонро.
Дар гузаргоҳи сабо бас дили маҷрӯҳ, ки ҳаст, Аз чӣ барбод диҳӣ турраи мушкафшонро?
Шаҳсаворо, мани бечораи мискини фақир
Гар на дар пои ту резам, чӣ кунам ин ҷонро?
Ишқ осон зи нахуст аст, вале душвор аст,
Мушкил афтад, чу касе саҳл гирад осонро.
Айби сарбастагии ҳарфи ман, эй хоҷа, макун, Нуктае бас бувад, ар фаҳм бувад инсонро.
Бедил аз ҷаври фалак мурду касе ҳеҷ нагуфт Ҳоли бечора муқимони дари султонро.
Қиёмат мекунӣ, эй сарвқомат,
Қиёмат қомате, қомат қиёмат.
Ба сар теғу ба каф ҷону ба лаб шукр,
Шаҳиди ишқро ин бас аломат.
Дилам аз дида хун гардиду шояд,
Гараш аз дида бистонам ғаромат.
Саломат аз хатар ҷӯянду моро
Хатар дар роҳи ишқ омад саломат.
Надомат бас зи дардам буду акнун
Зи бедардӣ басе дорам надомат.
Маломат лозими ишқ аст, Бедил,
На ишқ аст он, ки бошад бемаломат.
Муаллифи «Хадиқатушшуъаро» Мирзоаҳмади Девонбегӣ ба ғайр аз Мирзораҳим Бедили Шерозӣ аз як Бедили Шерозии дигар низ ёд кардааст. Ин шоир Мирзоалӣ ном дошта, аз ҷумлаи хушнависони асри XIX будааст. МирзоаҳмадиДевонабегӣ аз осори ӯ ду банди як мухаммасро сабт намуда, дар ҳошия илова кардааст, ки «авоили ин мусамматро аз ашъори марҳум ҳаким Қоонӣ тазмин кардааст, вале ахбор накардааст ва мутафарриқ ҳам оварда».
Он ду банди мухаммас инҳоянд:
Соқиё, то кай ниҳон рухсора дорӣ дар ҳиҷоб?
Хезу андар гардиш овар аз карам ҷоми шароб.
Хоса ин соат, ки шуд зангии шаб сармасти хоб, Хаймаи зарбафт зад бар чархи нилӣ офтоб,
Аз паранди нилгун овехт бас заррин таноб.
Шукри оллоҳ, ҷону дил осуда шуд аз тобу таб, Субҳи умедам дамид аз матлаъи дайҷури шаб, Ҷону дил аз хуррамӣ бошад ба сад айшу тараб, Хоса ин фасли тараб, к-аз хуррамӣ мадҳе аҷаб Кард иншо Бедил аз баҳри шаҳи дин Бӯтуроб.
Саввумин шоири бедилтахаллуси эронӣ, ки дар охирҳои асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX умр ба сар бурдааст, Қурбон ибни Рамазон Бедили Рӯдбории Қазвинии Бодаштист, ки дар қатори ашъори зиёди лирикӣ чанд маснавии кӯчаки сужетнок ва ду асари калонҳаҷми насрӣ бо унвонҳои «Мотамкада» ва «Навҳаҳо»таълиф намудааст. Ашъори лирикиаш низ бо номи «Девони Бедили Қазвинӣ» дар Лоҳур чоп шудааст.
Бедили Қазвинӣ аз ҷумлаи шоирони марсиягӯ будааст. Осори ӯ чи назму чи наср ба воқеаи шаҳид шудани имом Ҳусайн ва дигар ҳодисоти марбут ба хонадони Алӣ ибни Абӯтолиб бахшида шудааст. Шоир дар асарҳои зикршудаи худ мақсаду мароми эҷодиёташро борҳо гӯшрас намудааст. Чунончи дар оғози «Мотамкада» навиштааст:
Мани фалакзада он Бедили гунаҳгорам,
Ки аз Муҳаммаду олаш умедҳо дорам.
Ба ин умед, ки дар арсагоҳи явми нушур
Шаванд воситаам назди кирдгори ғафур.

пешина
аз 250
навбатӣ