ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Намудаам басе аз умр сарфи хидматашон,
Ба рӯзу шаб шуда мотамнигори ҳазраташон.
Бузургвор худоё, ба ҳаққи ҷоҳи расул,
Ки хидматам биписанданд хонадони тавул.
Шоир дар ҷои дигар менависад:
Боз хоҳам таъзиятхонӣ кунам,
Оламеро з-ашк тӯфонӣ кунам.
Машав ҳаргиз ту, эй Бедил,
Зи фикри таъзият ғофил,
Ки набвад ғайри он ҳосил
Туро дар умри мустаъҷил.
Бузургтарин ва маъруфтарин асари Бедили Қазвинӣ «Мотамкада» аст, ки бо насри назмомез таълиф шудааст. Муаллиф мавзӯъ ва мундариҷаи онро дар қитъаи зайл, ки таърихи таълифи асар ба шумор меравад, чунин ба қалам додааст:
Ин мусибатнома омад номаш аз ҳукми қазо
З-осмон бар дил, аз дил бар забон «Мотамкада».
Назми ӯ мотамнишине, к-аз мусибат канда мӯ, То зи дардаш мӯбамӯ гирад нишон мотамкада.
Насри ӯ гесӯпареше, к-аз дилаш дуди азо
Печадам гар бар забон, гардад даҳон мотамкада.
Кушта шуд шоҳи ҷаҳон чун бесипоҳ андар ҷаҳон, Набвад инсоф, ар набошад ин ҷаҳон мотамкада.
Миннат эзидро, ки шуд аз ҳиммати Бедил тамом Бо дили пурхуну чашми хунчакон «Мотамкада».
Гарчи дар таърихи итмомаш лисонулғайб гуфт:
«Омада мифтоҳулалбобулҷинон «Мотамкада»,
Лек боз аз ақли доно кардам анҷомаш суол,
Дар ҳамон ҳолат, ки буд андар миён «Мотамкада», Аз адаб сарро ба пеш оварду дар таърих гуфт:
«Маҳфиле шуд, Бедил, аз қуддусиён «Мотамкада».
(1267/1850-51) Дар поёни «Мотамкада» муаллифи он ва шахси дигаре бо номи Абдулҳамиди Сафо навиштаанд, ки китоб дар моҳи рамазони соли 1266 ҳиҷрӣ (1849-50 милодӣ) ба анҷом расид ва ба дорултабъи Теҳрон супорида шуд. Вале аз ду моддаи таърихе, ки дар қитъаи мазкур омадааст, як адад зиёд-1267(1850-51) бармеояд.
Бедили Қазвинӣ дар ашъори лирикиаш низ ба мавзӯъи писандидаи хеш содиқ мондааст.
Мазмуну мӯҳтавиёти чи ғазалҳо ва чи рубоиҳои ӯ ҳамон аст, ки дар осори мансураш дарӣ аст. Инак ду байтро аз ду ғазали ӯ нақл мекунем:
Бедил ҳадиси ташналабон зикр кун мудом,
Гар филҳақиқа ташналаби оби кавсарӣ,
З-ин шеъри оташини ту, Бедил, равост, халқ Сӯзанд шӯъла-шӯълаву гирянд зор-зор.
Чаҳорумин шоири бедилтахаллуси эронӣ, ки дар асри XIX зиндагӣ ва эҷод кардааст, Мирзо Ҳоҷимуҳаммад ибни Мирзо Алимуҳаммад Бедили Мозандаронии Кирмоншоҳонӣ мебошад. Бино бар маълумоти тазкиранависон, асли ин шоир аз Чалоби Мозандарон буда, дар вилояти Кирмоншоҳон ба дунё омада, дар ҳамон ҷо то охири умр зиндагӣ кардааст.
Бедил дар айёми ҷавониаш чанд муддат дар вазифаҳои маъмурии давлатӣ низ кор кардааст.
Чунончи, дар аҳди подшоҳи вақти Эрон Муҳаммадшоҳи Коҷор (1834-1848) сарриштадори тӯпхонаи Кирмоншоҳон будааст. Вале баъдтар аз корҳои давлатӣ даст кашида, асосан ба таълифи осор ва тарбияи шоирони ҷавон машғул шудааст. Вафоти шоир дар моҳи рамазони 1289 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба ноябри 1872 милодӣ рух додааст.
Ба қавли муъосиронаш, Бедил шахси некфитрат, хушсӯҳбату босаховат ва соҳиби машраби васеъ будааст. Ӯ аз аксари илмҳои замони худ, хусусан, аз арӯзу мусиқӣ огоҳии комил доштааст. Дар эҷоди анвоъи гуногуни шеър, хоса, ашъори ҷавобия ва қитъаҳои таърих моҳир ва мумтоз будааст. Ӯ қитъаҳои зиёде аз даҳ то сибайтӣ навиштааст, ки тамоми байтҳояшон таъриханд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё