ЗАМИНИ МОДАРӢ

Ҷонамози сояашро бар замин густурда маҷнунбед, Дар суҷуд истода сархам.
Ин дарахт умре намозашро
Дар ҳамин як ҷонамози сояи худ мегузорад.
Ман ҳам аз авлоди ин бедам, Сояи касро накардам ҷонамоз умре, Доиман бар сояи худ саҷда кардам, Доиман бар сояи худ саҷда хоҳам кард.
Ман ба адабиёт аз ибтидо кӯрмол ворид шуда, кӯрмолкӯрмол то ба кунун расидам, ранги нобиное, ки дару деворҳоро молидаю палмосида ҳаракат мекунад. Ва илми шеърро айни ҳамон нобиное аз худ кардам, ки хаму печу пастию баландӣ ва чоҳу ҷӯйи кӯйу барзанро бо молидану палмосидани дасту по аз ёд карда. Ба ин ваҷҳ бисёр лағжидаю пешпойӣ хӯрда, то ба ҷое, ки мебоист нарасидам ё хеле таъхир шуд. Чизҳое, ки бояд то 20-солагӣ мефаҳмидам, дар 60-солагӣ фаҳмидам, ки вақти мурданам расидааст. Эй дареғ, замоне заҳмат мекашию мефаҳмию медонию пухтаву тайёру омода мешавӣ, мебинӣ, ки умрат тамом шудааст. Пештар намефаҳмидам, вале шабҳо то ба рӯз менавиштаму мехондаму хат мезадам ва фарҳанг ба фарҳангу китоб ба китобу рисола ба рисола луғату тафсиру тавзеҳ ҷуста, хаста намешудам. Ҳозир - баръакс, мефаҳмам, медонам, корро ёд гирифтаам, аммо коре наметавонам кард; хотирпарешонӣ, сактаи дилу гурум-гуруми сина, азоби тарбоду дарди чӯра, сили ғудуди гардан, фишори хуну сарчархаку сардард, сӯзиши банду пайванди пойҳои шалу вал ва ғаму андӯҳи гарони танҳоию маргу мотами бародарону хешу табор намегузоранд, миёни қаламамро шикастаанд.
Ҷарроҳӣ шуд он касе, ки бисёр, манам, Садпораю тика-тикка гардид танам, Меғеламу печ мехӯрам пуштаку рӯ Дар ҷандаи тиккапораҳои баданам.
ХОНАВОДА ПАРОКАНДА ШУД
(ба поси хотираи бародарам) Ба дида нақши рӯйи ту,
Ба гӯш гуфтугӯйи ту,
Ҳанӯз аз димоғи ман
Нарафтааст бӯйи ту,
Бародарам, бародарам,
Бародари ба ҷону дил баробарам.
Ин сатрҳо гӯё ки ҳарфи дили мананд. Гӯё манам, ки алами диламро ба қалам дода, вале таскин наёфтаам ва асло таскину тасалло нахоҳам ёфт. Балки тан намедиҳам, ки бародаре доштам сари олимони ҷавон, умеду орзӯи хонавода ва, инак, чанд сол аст, ки чашм аз олам пӯшида. Ба маргаш бовар карда наметавонам, ки наметавонам. Ҳанӯз чашмам ба чор тараф чор аст, ки имрӯзу фардо аз куҷое меояд. Ҳанӯз умедамро аз ӯ накандаам. Ханӯз ба дару дарвозаи китобхонаҳою донишкадаҳо ба умеди ӯ менигарам. Ҳанӯз рисолаю маҷаллаҳои илмиро барои номи ӯ варақ мезанам. Ҳанӯз китобҳои дарсӣ, дастнависҳо, дафтарчаҳои ёддошт ва ҳуҷҷатҳояшро бо навозиш тагу рӯ мегардонам. Мақолаҳо, баёзи шеъру тарҷумаҳояшро гаштаю баргашта мехонам. Суратҳояшро паҳлӯи ҳам мечинаму нигоҳ мекунам, ки серӣ бибинам. Ва, ҳамин ки сар ба бистар ниҳодам, ба хобам медарояд.
Ман бо ӯ дар шаби хобам бисёр вақт дар зодгоҳамон - қишлоқаки Сӯфиён вомехӯрам. Дар қишлоқаки Сӯфиёне, ки ба кӯдакии мо мансуб буд. Аз ободиҳо як хоначаи сафедак, яъне мактаб, як масҷиди чӯбкории шақшақаи куҳна ва аз бузургию азамат нишона ду дарахти азим дошт, ки якеро чормағзи Нарзулло ва дигарашро чанори хирманҳои боло мегуфтанд. Дигар ҳама чиз оддии оддӣ - ошхонаю меҳмонхонаҳои дудзадаи чакокӣ, шиғу похсадевор, чапаракпулҳои чун миёни мардумаш хамзадаю фурӯрафта ва юғу испору чигина, хусусан чигинаҳои чапараки каҳкашонӣ. Дигар - даромадгоҳу баромадгоҳ, чокиҳои ду теппа, ки газа номида мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё