Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Девонаи Кенҷа шабгарди таку танҳои побараҳнаи хоколуди куҳнароҳи Олучамазорак буд. Аз ҳамсояқишлоқ, аз хонаи апааш Руқия меомад, аз сояи пуштаҳою бораҳои маҳтобӣ хонда-хонда меомад. Ва дар миёни хонишаш яке ист карда, худаш ба худаш “Бале, девона, бале!”- мегуфт, ки момаҷавакҳо ҳам аз ҳар ҷаре «Бале!... Бале!... Бале!...
Бале!..» такрор мекарданд. Моро вақте хоб мебурд, ки Кенҷа хонда-хонда ба кулбааш мерасиду маҳтоб ҳам мешишт. Хониши девонаи Кенҷа ба аллагӯӣ мемонду чайловаки ларзонаки мо ба гаҳвора.
Акнун он шабҳо, он каппаю чайловаки ларзонак хотира шудаанд, вале ба хоби ман медароянд, ҳамчунон ки буданд - бо суробу сояҳои азиз, бо бачаҳои солҳои пеш, бо Темури ба ҷону дил баробарам.
Роҳҳои хокиам ку?
Рӯзҳои покиам ку?
Ҳамон рӯзе, ки ӯро ба хок супурдем, шабона хоб дидам, ки аз газаи қишлоқ фуромада, ба боғамон даромад.
Ришаш расидагӣ, лоғар, ранги рӯяш зард, шикамашро дошта роҳ мерафт. Як хӯша ангур канда, дароз кардам, нагирифт. Гуфт, сиҳат нашудам.
Чанд шаб баъдтар боз ба хобам омад, аввал дар қиёфаи сангӣ, ҳамчун ҳайкал дар долони иморати баланди шоҳсутундор. Пас ҳамчун бачаи тару тоза:
Ёдам омад, ин иморат хонақоҳи куҳна буд, Дина мо даҳсолаю ин хона чумчуқхона буд.
Бори дигар хоб дидам, ки бо ҳам дар паси як мизи тӯёна нишастаем. Боз ҳам ӯ харобу хаста. Гуфт: рисолаи илмиамро нав навишта тамом кардам. Ба вай сухан доданд, гап назад.
Ӯ дар хобҳои ман дар ҳар синну солу аҳволе, ки бошад, ҳамеша бо китобу дафтар аст. Мудом аз ину он масъалаи илмию китобӣ гуфтугӯ мекунад. Гоҳе аз ман мепурсад, ки фалон китобро дорӣ ё фалон китобу мақоларо хондаӣ? Аз ҷумла, шабе дар хобам ӯро дар кӯчаи Душанбе вохӯрдам.
Хеле ҷиддӣ ва оҳиста-оҳиста қадам мезад. Пурсидам, ки аз куҷо меоӣ? Гуфт, аз магазини китобфурӯшӣ, рисолаи докториам чоп шудааст. Ба сабаби набудани аломатҳои нашрии математикӣ баъзе муодилаҳоро мухтасар кардаанд.
Як бор варақ зада малол шудам. Ман дарҳол аз шунидани нашри китобаш хурсанд шуда, ҳадаҳа гуфтам, ки ягон нусха нагирифтӣ? Ҷавоб надод. Бехотир, хобам чунон парид, ки гӯё ҳамин навакак дар бедорӣ гап мезадем.
Аз бачагиаш хонданро дӯст медошт. Ман дар хотир надорам, ки рӯзе ба мактаб нарафта бошад. Ҳол он ки аксари бачаҳои ҳамзоди мо, аз пайи молу подаю подабонӣ гашта, ҳафтаҳои дароз аз наздики мактаб намегузаштанд ва касе ҳам намепурсид, ки куҷоянд. Чунки моҳияти худи мактаб маълум набуд. Мактаб, чуноне дар боло гуфтем, аз берун сафедаку аз дарун сиёҳи дудхурдаи дудаҳояш овезон буд. Тамоми зимистон аз бомаш борон мечакиду аз роғҳои дари шақшақааш шамол пуф мезад ва муаллими Қаҳҳорбек (ёдаш ба хайр) барои мо пахол дуд мекард, ки гарм шавем.
Мардаки қоқинаи қадбаланди бурутакӣ буд.
Муаллимони дигаре низ доштем. Онҳо касоне буданд, нав аз ҷанг баргашта, шалу дингу маъюб, бо чигас роҳ мерафтанд ва номашонро бо лақаб мегирифтанд: фалонии динг, фалонии шал, фалонии якдаста ва ҳоказо. Дар миёни онҳо як нафар хешованди мо ҳам буд, муаллими ҳисоб, машҳур бо лақаби «Фаттоҳи урус». Барои он, ки кепка мениҳод ва бори аввал ба қишлоқ зани рус, велосипед, дурбин, сумкаи тасмадарози аскарӣ ва ҳархела ҷадвалу асбобҳои ҳисоббарорӣ оварда буд. Вақте ки дар девори пушти мактаб, барои сафед буданаш, киноҳои ҷангӣ нишон медоданд, ӯ матни онҳоро аз русӣ ба мо тарҷума мекард.

пешина
аз 110
навбатӣ