ЗАМИНИ МОДАРӢ

Мегуфтанд, ки Фаттоҳи урус забони немисӣ ҳам медонад.
Вай баъзан моро ба рӯйи талу теппа бароварда, бо дурбину ҷадвалҳояш чен кардану ёфтани масофа ва нишон гирифтану тир парронданро машқ медод. Ва аз шаҳрҳои ба қавли мардум «дарун» - Маскову Берлин, кӯҳистони Италия, ки дар он ҷо партизанӣ мекардааст, қиссаҳои шавқовар нақл мекард. Вале канда-канда месулфид.
Мегуфтанд, ки дар шушаш аз ҷанг гулӯлаи тир боқӣ мондааст.
Аз дарсу суҳбатҳои шавқовари Фаттоҳи урус даричаи танги зеҳни мо кам-камак кушода мешуд, ба сӯйи илму фан, ба сӯйи муъҷизаҳои техникӣ, ба сӯйи мошинҳо, ҳавопаймоҳо, ба сӯйи қонуни ҷозибаи замин, ҷозибаи олам, ба сӯйи ободиҳои дур, марзҳои дур, уфуқҳои дур.
Мо туфайли мактаб соате чанд гушнагию бараҳнагию доду войи қишлоқро фаромӯш менамудем. Лекин, ҳамин ки дарс поён меёфт, ҳақиқати ҳол ғалаба мекард. Мо, аз чордевори мактаб берун омада, касеро медидем, ки зани ҳомила ё кампиру мӯсафедеро қамчин мезанад, ки аз замини колхоз сарак (хӯшаи ҷаву гандум) чидааст. Ё ин ки дар болои асп кала кашида, аз сари девору хандақе ба дарун ҳақорат мекунад. Ё мешунидем, ки сари кадомеро кафондааст, деги шири кадом занакро чаппа карда, нони зағораи кадомеро ба шатта задааст.
Ӯ раис буд. Ӯро мо бад медидем. Аз ҷумла, барои ҳодисаи чӯлоқи Хонзода ва ҳодисаи Зумрад. Хонзода як зани маъюбу маслуқи бекас буд. Ба мушунги говаку (мушунги худрӯй) тактаку кунҷора мезист. Кунҷораро аз ҷувозхона металабид. Охирҳои баҳор, айни ҷавдараву тутпаз, як саҳарӣ хабар омад, ки дар хирманҷои Сӯфиёни боло Хонзодаро куштаанд. Ҳама ба он ҷо давидем. Дар подахобрав, миёни хоку хун нолиш мекард, аз сараш хун мерафт ва куртаи карбосаш пора-пора. Ӯро аз саракчинӣ раис зери узангую потанги асп гирифта, кашон-кашон ба ин ҷо оварда партофта будааст. Бечора мурд. Мурдаашро дар гилем ба хона оварданд.
Ҳодисаи Зумрад аз ин ҳам дилрештар. Ҳамсоя будем.
Қоқучиниаш, ки мо қоқуфаш мегӯем, ҳеҷ аз ёдам намеравад. Шаш ё ҳафтсола буд ва ду акачаи аз худаш калонтар дошт. Ятимони дари хонаи амакашон буданд.
Ятимакони ҷулҳундӣ. Падарашон аз сар рафта ва очаашон аз тангии аҳвол ғайб зада буд. Мегуфтанд, ки ба Ёвон, ба ватанаш гурехта рафтааст. Амакашон худаш ҳоло кӯдак надошт. Шабе дар хонаашон парон-парон шуд. Баъд амакашонро чанд шапкадору раис пеш-пеш карда бурданд.
Ва дигар барнагашт.
Зани амакиашон ҳам кӯчида ба хонаи падараш рафт.
Ятимон танҳо монданд, танҳои танҳо. Зумрад аз бехи девору хандақҳо қоқуву шулха мечид. Ва модарам ба онҳо қуруту ширкадую ордоб мебурд. Барфу борон сар шуда буд.
Яке вақти намози шом чирроси Зумрадро шунидем.
Модарам саросема ба хонаашон давид. Мо ҳам аз сари бому девор ба он тараф паридем. Аммо аллакай дер шуда буд.
Зумрадак саропо забона зада месӯхт. Карасини чароғи лампа ба сару рӯяш рехта буд. Аловро ба дасту доман зада хомӯш карданд, вале чароғаки умри ӯ ҳам пас аз ҳафтае абадӣ хомӯш шуд.
Ҳар замон ба ёди он айём чашмонамро пӯшида, ба андеша меравам, дилам месӯзаду месӯзад. Хонзода...
Зумрадаки кокулзардак...
Кӯдакони хору зор...
Додаракону хоҳараконам...
Солҳои сиёҳу хатҳои сиёҳ…
Куҳнароҳи Олучамазору чашмҳои чор...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё