ЗАМИНИ МОДАРӢ

Гӯиё ин лаҳзаҳо дар гардани Файзоваам,
Дар таги лабгӯшаи як боми беандоваам.
Баъди як ҳафта Темур танҳо баргашт. Як чашмаш то гирди рӯ сиёҳ шуда буд. Гуфт, ки гов шата зад. Модарам зор-зор гирист ва номи тағоиямро гирифта, дашному дуо кард. Баъд аз ин модарам, то он ки дар ҳаёт буд, дигар ба хонаи ӯ нарафт. Ба ӯ қаҳрӣ шуд...
Тутпазон дар суфаи баланди таги тути балхии байни ҳавлиамон мехобидем, рӯйи як намади даққию зери як кӯрпа. Ва дар кундаи тут халтаҳои овезони дӯғу чака, ки дар сукути шаб якзайл мечакиданду мечакиданд. Дами саҳар, ки ҳаво салқин мешуд, ба ҳамдигар ҷафс шуда мечаспидем, ки хунук нахурем.
Вақте дар ҳабсхона будам, шабе хоб дидам, ки зери он тути балхӣ бо додараконам хобидаам ва ҷинҷ зада, ба бағалашон медароям. Нохост, аз чарақ-чарақи дандонҳоям бедор шудам, ки аз сармо манаҳам ларзида истодааст.
Одатан агар бемор шавам ё дар хобам хунук хурам, албатта, ҳамон ҷогаҳи додараконамро хоб мебинам, нафаскашию гармии баданашонро ҳис мекунам. Ва чакчаки хобовари дӯғу чакаи модарамро, ки якзайл мечаканду мечаканд...
Ман дар он хобҳои кӯдакӣ болу пар бароварда, аз боми баланди масҷиди куҳна мепаридам, аз ҷариҳо муаллақ мезадам. Шабе дар чархофалаки рангинкамони осмонӣ савор шудам, ҳазору як шилшилаю зангӯлаи тиллоию чароғаки рангоранг дошт. Гӯё дар думи товусе савор будам, ки аз осмон ба замин мерасид. Як шаб ба ҷанги Гирмон рафта, тир хурдам ва захмию хуншор ба тани девор часпидам, ки шинохтамаш, девори сафедаки мактабамон буд, ҳамон деворе, ки дар рӯяш киноҳои ҷангӣ медидем.
Модарам мегуфт, ки Темур дар хобаш механдад,
Иброҳим гап мезанад, Садриддин пуштаку рӯ ғелидағелида, аз кӯрпа баромада меравад, Камол ранги барра намеҷунбад, Райхо гиря мекунад.
Дар навдаи тути модар овезон
Чун халтаи чака халтаи маҳтоб.
Дар кундаи тути модар овезон
Чун халтаи моҳ халтаи ҷурғот.
Шаб аз лаби боми кулбаи модар
Ҳамчун зари об мечакад маҳтоб,
Аз халтаи моҳу халтаи ҷурғот
Ҳамчун зари ноб мечакад зардоб...
Ман дар тани кӯдакӣ фурӯ рафта,
Худро таги тути пухта мебинам,
Дар ҷолаи туту тутборонаш
Як мушт ятими хуфта мебинам.
Як мушт ятими хуфтаро модар
Дар тахтаи дил гирифта мехобад,
Дар пахтаи дил гирифта мехобад.
Сар монда ба тахтаи дили модар,
Сар монда ба пахтаи дили модар,
Бо чак-чаки чака мебарад хобам,
Чун равғани маска мебарад хобам.
Дар чогаҳи мо, ки тут мерезад,
Чун ҷола, ки моҳи ҳут мерезад.
Хамёза, ки мекашӣ банохост,
Шаб дар даҳани ту тут меафтад.
Вақте ки сапеда деги гардунро
Чун модари ман ба рег мешӯяд,
Вақте ки сапеда гови гардунро
Чун модари ман пагоҳӣ медӯшад,
Бо шир-шири шир мешавам бедор,
Бо шир-шири ширдӯшии модар...
Дар хоби шабам ҳанӯз бехотир
Ман дар тани кӯдакӣ фурӯ рафта,
Худро таги тути пухта мебинам,
Дар ҷолаи туту тутборонаш
Як мушт ятими хуфта мебинам,
Додар ба бағал гирифта додарро,
Хоҳар ба бағал гирифта хоҳарро.
Вақте ки аз ин миёна бархезам,
На мушти ятими хуфта мебинам,
На дасти бағалгирифта мебинам,
На навдаи тути пухта мебинам.
На! На! На ба мушт донаи туте,
Танҳо ману мушти сахти калтуте.
Ман аз тани кӯдакии ман ҳар бор
Чун мурғи пагоҳӣ мешавам бедор,
Чун мурғи пагоҳӣ сина мекӯбам,
Чун мурғи пагоҳӣ мезанам фарёд,
Чун мурғи пагоҳӣ мекунам ку-ку:
Ку хоҳаракони хонарӯбам, ку?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё