ЗАМИНИ МОДАРӢ

Он солҳо кӯдакони сарсафед бисёр буданд, гӯё аз батни модар мӯсафед таваллуд мешуданд. Ҳатто мӯсафедона кӯзапушту лабу рӯяшон ҷинҷалак. Мӯсафедона чоруқу локию кафши чӯбинпӯш. Танҳо Темур як ҷуфт калӯшак дошт. Дар барфҳо ғӯтида-ғӯтида бо он калӯшак мактаб мерафт ва дар муҳити онвақтаи мо калӯшаки ӯ моли нав буд. Он калӯшаку дарсхонаи хунук ва махсусан китобдӯстиаш мудом пеши назари мананд.
Темур мехонду мехонд. Баъдҳо, яъне мурури фаъолияти илмиаш он хониш ниҳоят вусъат ёфт, ҳушу хаёлашро сахт фаро гирифт. То ҷое, ки китобу қаламу дафтарро аз даст ниҳоду ҷон супурд. Аммо рӯҳаш ҳамчунон бо дониш боқӣ монд.
Дар рӯзҳое, ки ба пуштаи мазори Сӯфиён сангу хишт кашида, гӯрашро обод мекардем, шабе дар хобам даромада, хандида гуфт, ки хонаи хубе сохтӣ, олиҷаноб, сафеди сангӣ, лекин бисёр торик аст, китоб хонда намешавад. Аз ин хоб рамуз гирифта, тахтаи мармари сари гӯрашро ба шакли китоб тарошидем. Мармари сафед аст, вале як паҳлӯяш дар намуди дасту остин ва мӯю руйи харошидаи кампирона шабаҳу сояи хокистарӣ дорад. Ин сояро мо насохтаем, дар батни худи санг будааст, ки вақти суфта кардан рӯ зада, моро дар тааҷҷуб мононд. Зеро ба модарамон монанд аст.
Сурати раҳматии модарамонро худи табиат дар ин санги лаҳад ҷо кардааст. Зеро модарамонро ғаму аламу мотами Темур кушт. Ӯ барои фарзанди азизаш бисёр сӯхт. То вопасин рӯзаш ҳар субҳидам гиря мекард. Мардум бо «бачамой-бачамой»-гӯиҳои ӯ бедор мешуданд. Ва акнун абадӣ дар санги сари хоки писараш мотам гирифтааст.
Пештар модарам ба баҳонаи хабаргирии хешу табораш ба дуру наздик мебаромад. Гоҳо ман ба шаҳр меовардамаш.
Аксаран зимистонҳо, ки то фаро расидани баҳор аз дуду гарду лойу чали қишлоқ эмин бошад. Аммо пас аз он фоҷиа дигар аз Сӯфиён набаромад. Шаш соли дароз, яъне, то дами охир куртаю калушу докаашро нав накард. Ҳамин тавр, ғами фарзанди ҷавонмаргаш дар дил, аз дунё гузашт...
Дӯстдорию дилсӯзии модарам ба Темур ранги дигар дошт. Чунки Темур дар бачагиаш дардманд буд. Дар чилаи тобистон ҳам табларза мекарду хунук мехӯрд. Ва сару шикамаш қариб ҳамеша бастагӣ. Он замон дорую даворо касе намедид, ҳама ба ҳоли худ мезисту ба рӯзи худ мемурд.
Мардум муҳтоҷи як каф орди ҷаву зағораю тактак буд.
Бачаҳо баҳорон ба решаю барги алафҳои ошӣ ва зимистон бо қуруту қоқу қоқпораҳои мевагӣ мезистанд.
Дар сари чашмаи дари хонаи мо як тана дулонасурхаки хорварае буд, ки зимистонрӯя мепухт. Ва мо, бачаҳои як гузар, рӯзи дароз дар шохаҳояш овезон будем. Аксари вақт бо ҳамин қаноат мекардем. Аз шикампечак, дилайна, шабкӯрӣ ва табларзаю домана моро халосӣ набуд. Темур ҳам азоб мекашид ва азбаски хурду бемадор буд, дили модарам ба ӯ бештар месӯхт. Бинобар ин, ба ҳар куҷое ки мерафт, ӯро ҳам мебурд. Дар мавриди молдӯшию ширпазию дӯғкашиаш ҳам ӯро дар рӯи пӯстакчае паҳлӯяш мешинонд...
Боре Темурро тағоиям бурд, ки дастёрӣ кунад. Вай дар ҳамон қишлоқи Файзова, ки пештар ёд шуд, зиндагӣ мекард. Шеъри зерин ишора ба ҳамон деҳкада аст:
Боди Файзобод чун дар пушта гардон мешавад,
Косаҳои чашмҳоям чапагардон мешавад.
Байни кӯрак монда, меборад агар кӯҳи Мазор,
Хонаҳои чашмҳоям мечакад беихтиёр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё