ЗАМИНИ МОДАРӢ

Аз раисии вай як оҳани ҷуфти зангзадагӣ ҳам монда буд, овезон дар тутҳои қатор. Дар замонаш ин оҳани ҷуфтро бо ҳалаков (оташкоба) данг-данг зада хабар мекардааст, ки мардум ба кор барояд. Акнун солҳо инҷониб оҳани тӯғи мазори Мирохураш мегуфтанд.
Мо ӯро вақте дидему шинохтем, ки маъракачии зиндадилу дойрадасти мумтози қишлоқ буд. Дар сартарошону арӯсфурориҳо чунон дойра мезаду мехонд, ки мардум аз дару девор сар кашида, дасту по мекӯфт. Ва кампиракаш ҳамчун таъриф “Ношугриш, сарчиликира хушрӯ мезана” -мегуфт (ёдаш ба хайр).
Аюби чақамуқом22 чун сағераи сарҳӯй баъзан хилват гум шуда, баъд бо ягон нағмаю мақоми нав меомад, албатта, ягон навигарӣ ворид мекард. Ӯ буд, ки тирезаю осиёбчаи дастӣ (дастос) сохт, хишт рехт, чархи регии чархкашӣ овард. Ӯ буд, ки табарчаи русию рандаю арра дошт. Як бор ҳам ба сараш зонтики сиёҳ (чатр) бардошта омад.
Кулбачааш ҳам аз кулбаҳои кулӯхӣ фарқ мекард, харпуштаи хиштӣ буд. Чақамуқом нағмаю мақоми дигар ҳам дошт, ҳарду пояшро ҳавоӣ бардошта, бо ду дасташ чаппагардон раҳ мегашт. Патефон низ дошт, ки навои «Султонҷамҷама»
мехонд.
Вай як бори дигар рафту хеле дер кард. Хабар оварданд, ки дар бозорҳо тухмбозӣ карда мегардад, қаторак мезанад, ғирғиракбозу кисабур шудааст. Чунон дузди ганда, ки агар дар пайтобаю соқи мӯзаи касе пул гумон кунад, пояшро бурида мебарад ва аз даҳани ҳар касе бо як сари қил сақичро кашида мегирад, ки хабар намешавад. Аввал ҳушашро ба гап гирифта, номаълум сари қилро ба даҳанаш мебарад ва ҳамин, ки ба сақич часпид, ҳавоӣ мекашад.
Дандон мезанад, ки сақич нест.
Дар ин ғайбат гули хор парвона шуда парида рафт, чавдарав омад, ҷолабарфаки тутҳои қатор пухта рехт, олучабандакҳо сурхида хам заданд. Аз ҳаво бӯйи алафи даравида мевазид, ки Аюби чақамуқом аз даҳанаи газаи қишлоқ хамид.
Мо дарзаҳои пуштораамонро партофта, пешвозаш давидем. Ин дов як халифи ҷавӣ (нони бухунка) ва карнай оварда буд, ки карнайро касе намедонист. Ӯ халифро тикатика ба мо савғотӣ дода, карнайро даст гирифт. Яъне аз 22Касе, ки ба ҳар кор даст мезанад.
халтае ҳамчун почаи эзор чанд тӯта бароварда, буғум-буғум ба ҳам пайваст, ки як лӯлаи дарози якқаде шуд, айни замбурӯғ, вале ниҳоят дароз. Ва онро озод ба ҳаво бардошта, бо ду лунҷи дамидааш пуф кард, ки ҳарраст задан гирифт:
Ҳа-ҳа-ҳа-ҳа!
Ҳо-ҳо-ҳо-ҳо!
Ҳе-ҳе-ҳе-ҳе!
Ҳӯ-ҳӯ-ҳӯ-ҳӯ!...
Гӯши мо ғуруп гирифт. Дар як дам нотинҷие шуд, ки гуфтан надорад. Қишлоқ титу пит, тагу рӯ, чошу пош шуда рафт. Ба кирдоре, ки пашму пахтаро мешапида бошанд. Ба кирдоре, ки аҷинабоди ғарғарае лату пату чилу ҷандаро печонда, ба ҳаво мебурда бошад. Хару асп тур бардошта, меху бандашонро канда, дудихок гурехта рафтанд. Гову бузу бузғола ҳелу шиғу чапаракҳоро шикастаю чаппа карда, сарозер ба дараҳо париданд. Сагҳо ҷингас зада, ҷаҳида адиракӣ шуданд. Саги чорчашмаи гурггири мо, ки дар поси шабҳои чилаи зимистон ҳам аз гардани қишлоқ меҷакид, акнун аз бом ба бом, аз девор ба девор, аз хандақ ба хандақ парида-парида, аз ёлаҳо баромада рафт. Алафдараву полизбону хирманакию курухмол ҳама хавотиру ҳаросону парешон, ки чӣ ҳодиса шуда бошад, аз боғу роғу сари кишту кор ба қишлоқ давиданд. Азону намозу рӯза фаромӯш шуд. Мардум Аюби чақамуқомро ҳақорат дода, то як поси шаб гову мол чамъ мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё