ЗАМИНИ МОДАРӢ

Дубора, ки титу питу чошу пош баҳам омад, чорчашмаи мо набуд. Дигар ҳар қадаре ба сагҷакиши шабҳо гӯш додем, чорчашмаро нашунидем. Мо ҷакиши чорчашмаро нағз мешинохтем.
Вақте ки Темур дар Маскав дар беморхона буд, мегуфт, ки баъзе шабҳо хоб мебинам, чорчашма дар даҳанаи газаи қишлоқ ҷакида истодааст.
ххх Бекораи Товланг ҳам гуфтанист. Дар замони ӯ дар синфҳои панҷ мехондем, халтачаҳои мактабию рангдон доштем. Ва лабу рӯйу дасту панҷаамон мудом қарқи ранголуд буданд. Писараш Давлат, ки модар надошт, шарики доимии табақу сабақхониҳоямон буд. Бекораи Товланг худаш ҳам иштирок мекард, вале чашми хат надошт. Панҷаҳои аз зарби хасмолу нохунпечак бурмидааш коғазу қаламро ҳатто дошта наметавонист. Лекин худаш қисса мекард, ки айёми наврасӣ дар масҷид сабақ хонда, химчак мехӯрдааст. Охир ба танг омада дар пушташ аз таги ҷилу ҷанда пӯстак баста омадааст. Ин даъфа, ки химчакаш задаанд, пӯстаки қоқшоли пушташ қарап-қарап карда, хандасор гурехта рафтааст.
Бекораи Товланг гӯянда буд, афсонаю байту чистон мегуфт. Ба шеваи ширини Норак мегуфт, ба лаҳҷаи ширини Норак мехонд. Дар чистонгӯякаш бинию пешонӣ буд, ки аз зарби чертзанию гӯш буд, ки аз гӯшмол сурхида вал-вал алов воре месӯхт. Ӯ тоқӣ-тоқӣ олучабандаку туту талқонашро гарав мемонд.
Бекораи Товланг фақат як гӯянда набуд. Дар ҳар чигинароҳе, ки хоки тафсони қиёми рӯз ба ҳаво тӯта мезад, аз пойу сапали Товланг буд. Аз ҳар ёлае, ки яккафарёди сӯзони даравгарӣ ба гӯш мерасид, Товланг буд. Бекораи Товланг буд, ки халтаҳои муштакашро пушт карда, осиёб мерафт ё лой сум мезаду байт мегуфт:
Қадут чун сими танбӯрай,
Ду чашмут масту махмурай,
Ду рухсорут пур ай нурай,
Ту садбарги кадом боғӣ?...
Мо ба ӯ ҳамчун ба муаллим дарсамонро нақл карда, баҳсобаҳс китобхонӣ мекардем. Давлат оби равон воре равон мехонд. Вай ҳамчун талабаи аълочӣ аз муаллимҳо ҳам таъриф шунида, қаламу дафтар мукофот мегирифт. Рӯзе як шишача атр ҳам мукофот гирифт, ки даст ба даст гашта, мактабро хушбӯй кард. Мегуфтанд, ки атри Давлат бӯйи шаҳр мекунад...
Ҳар сол, охирҳои тирамоҳ мардумро хонахез ҳашари пахта мебурданд, ба таҳдашт, ба дарёбоди Кофарниҳон. Дар зери барфу борон ғӯза мечидем. Дар ҳамон ҳашарҳои шум Давлат касал шуд. Гӯё дар тангии Олучамазорак тарсида буд, аммо таги шонааш хала мезад. Ҳафтае нагузашта, Давлати хушхони мо чун шишачаи атраш адо шуду бӯяш дар димоғи мо монд.
Баъди Давлат дасту панҷаи Товланг меларзидагӣ шуданд. Аз садои ногаҳонӣ дарақ-дарақ ларзида, қад-қад ба ҳаво мепарид, монанди гург алӯ мекашид. Рафта-рафта дастхуши хандаҳои кӯдакони бесар гардид, хилват омада аз бехи гӯшаш, ки ҳой мезаданд, ҳавоӣ аз ҷояш паридаю ғелида, ба дараҳо мерафт.
Охир гум шуд. Шунидем, ки дар меҳмонхонаҳои таҳдашт обкашонию кундакафонӣ мекунад. Дар қишлок як чордевориаш монд. Ҳамсояҳо мегуфтанд, ки шаб дар хонаи Бекораи Товланг аҷинаҳо дойра мезананд. Мо тарсидатарсида аз нимроғии дараш менигаристем. Дар тоқчааш рангдону халтачаи дафтарҳои Давлат менамуд.
Девонаи Бадриддин ҳам гуфтанист. Мардаки ғафсинаи шопаланге буд, сару рӯю чашму гӯшаш дар зери пашму қошу риши даққӣ. Дар ҷӯши тобистон ҳам телпаку шинели қарқи аскарӣ мепӯшид. Баъзан гӯшакҳои телпакашро ҳам фуроварда мебаст ва чор фасли сол пои луч мегашт, ҳар сапали пояш ду сапали дигарон мешуд. Ба як бисмилло ду това лойро мехелиду мешӯриду сум мезаду ҳамчун карсони хамири расида завола мегирифту мебурид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё