Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Касабаи ошпазӣ ҳам дошт, оши маърака мепухт. Мо ин касабаашро дӯст медоштем, дар чапагии тоқиамон аз сари дег кафгир-кафгир оши сернахуди гулмаҳмадӣ мепартофт.
Ӯ дандонканӣ ҳам мекард. Дандонҳои дардмандро ҳамчун мехчаи каҷу килеби зангзада бо анбӯри калони мехчаканӣ кашида мепартофт. Аз ҷумла, дандони ашки худи маро, ки аз таги лабам каҷала неш зада баромада буд, монанди мехчаи каҷалае аз тахта канда партофт.
Аммо касабаи асосиаш дандоншиканӣ ҳисоб мешуд.
Ҳангоме ки шабона чароғи лампаи маҷлисро пуф карда, “бузаненуш” гуфта ва дар як нафас раиси Раҳмонро буз кашиданд, ҳамин Гулмаҳмад буд. Вай асосан раисҳоро лат мекард, вале пайи чигасашро, ҳамчун дар хоку лойи кӯчаҳо, дар қавоқу чашму пешонии лахчавор сиёҳи дигарон низ медидем. Чигаси ӯ, ки дар дандоншиканиҳо худаш ҳам шикаста ҳазору як пайванд дошт, даҳани бисёреро мӯрии порупартоии оғилҳо карда буд. Бо ин ҳама боз ӯро баҳо медоданд, ки лингаш тӯғрӣ набошад ҳам, худаш мардаки дукворӣ тӯғрист.


Дар кӯдакии мо ҳама гӯяндаю сарояндаю навозанда буданд: ҷуфтакиҳо, чапаракиҳо, подабонҳо, даравакиҳо, хирманакиҳо, ҳатто ҷӯгиҳою соғутарошон, ки бо селаи хару хингилу кӯчу банд ва гурҷинсагҳои харобу хушки гӯшдароз сояи ғафси тутҳои қаторро гирифта, қадоқгарию фолбинӣ мекарданд.
Тӯйҳои фақиронаю ғазалҳои фақирона, роҳҳои хокию дубайтаҳои хоколуд, палаку полизҳои лалмию ҳандалабайтҳои ширини лалмӣ, ҷуфту рубоиҳои сарҷуфтӣ, каланду хонишҳои каландакӣ ва ҳоказо. Байту ғазалро мекиштанду медаравиданд, дарза мебастанду мекашонданд, мекӯфтанду орд мекарданд, мешӯриданду мепухтанд.
Кампираке калоба печонда, ҳавоеро димоғӣ мунга мекашид.
Хирманакие майдаю мандоғ мехонд. Подабоне гӯруғлӣ мегуфту лабакӣ нағмаю мақоме мегардонд. Духтарони қадрас сӯзанӣ дӯхта, ҳамчун най овоз мекашиданд. Ва сари ин замзамаҳо замзамаи Мағфират буд. Мағфирати химчамиён, ки пӯпаки тоқии тосаш як ваҷаб дарозӣ дошт.
Мағфират буду шилдир-шилдири дойраю дастаи духтарон, ки сари овозашро мегирифтанд:
Ҳар ҷо, ки равӣ, хатат равон мекардам, Гапҳои нагуфтаро баён мекардам.
Гапҳои нагуфтаро агар гуфта нашуд, Худро ба даруни хат равон мекардам.
Он маҳал намефаҳмидем, ки шоирӣ чист. Инак, фаҳмидем, ки Мағфирати нозанини мо шоира будааст (ёдаш ба хайр).
Мактаби мо ҳам хели занбӯрхонаи занбӯрҳои асал аз ғиж-ғижи ғижакҳои қуттию виз-визи найчаҳое, ки аз найзори шибарҳо мебуридем, ҷӯш мезад. Дар лабҳои мо ҳам, ҳамчун гарди гул дар неши занбӯрҳои асал, гарди байту ғазал часпида, мазза медод. Дар тоқишатаҳаку буҷулбозиҳоямон ҳам «зор-зорам аз барот, сабзинае»
мехондем. Дар оғилрӯбиҳоямон ҳам, «зор-зорам аз барот, сабзинае» месурудем. Дар қадобаи селдараҳо санговдавакҳои думҷунбонакро дида, ҳуштак зада, такрор мекардем:
Сангодавак, санги ту ку?
Айилу пуштанги ту ку?
Ақли таги санги ту ку?
Ҷӯраи бенанги ту ку?...
Ду пойи нозуки сӯки ҷавашро Сутуни осмон кардасту хоб аст...
Баъзан худамонро ошиқ гирифта, ба духтаракони бечора киноя мегуфтем:
Шох барорию Сикандар шавӣ, Паст фуроию саги дар шавӣ, Гарчи дусад ранг баройӣ зи пӯст, Дӯст надоранд, надоранд дӯст.

пешина
аз 110
навбатӣ