Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳама медонистем, ки гӯяндаи ин шеърҳо Ғаффор Мирзост. Мо шеъри дили худро нав мешунидем. Шоири ҳақиқии худро нав ёфта будем. Китобчаи ӯ талошак буд. Мо будему гулу гиёҳу таронаҳои Ғаффор Мирзо:
Агар дар кокулат гул нест, Ба сар дум ҳаст, кокул нест.
Мо будему нӯгчаи сафедорону лонаи гунҷишкакону таронаҳои Ғаффор Мирзо. Мо будему кафтархонаҳою шеърҳои Ғаффор Мирзо. Мо будему бодбаракҳою Ғаффор Мирзо. Ба равиши ӯ шеърнависӣ машқ мекардем. Темур ҳам дафтару китоби ҳисобашро пӯшида, машқ мекард. Ин ду хатакаш аз ҳамон навқаламиҳост:
…Ин мӯсафед кӣ бошад?
Дар аробаш чӣ бошад?
Мухлисии мо ба Ғаффор Мирзо абадан боқӣ монд.
Маззаи ошҳои сардегии Гулмаҳмад аз даҳанамону лаззати шеърҳои Ғаффор Мирзо аз димоғамон нарафт.


Ҳарчи буду набуд, бачагӣ сар-сари бод гузашт. Ҳарчи буду набуд, то нигаристем, ки бачагӣ нест. “Бачагӣ гӯё буду гӯё набуд:
Баччагиям бо дарав, бо хӯшачиниҳо гузашт, Доманаш аз хӯша пур аз домани саҳро гузашт».
Бачаҳои қишлоқ ба монанди кабки рав аз кӯҳу пушта хамида, ба даштҳо рехтанд, ба сӯи шаҳру касбу кор, ба сӯи шаҳру мактабҳои болоӣ, ба сӯи шаҳру ишқу орзуҳои ҷавонӣ. Камолу Темур ба интернати давлатии Душанбе ва ман ба интернати ноҳияи Ҳисор рафтам. Интернатҳо ба мо хуроку пӯшок медоданд ва дигар ба маҷрои ҳаёт ба воя мерасидем. Моҳе як карату ду карат ба зинапояи поезд часпида, то Янгибозор ва аз он ҷо пойи пиёда ба Сӯфиён меомадем. Бачаҳое, ки аз селаҳои кабки рав тоқа монда буданд, моро дида қақра зада, аз ҳар тараф фарёд мекарданд. Боз бо онҳо рӯзаке чанд каҳу алаф мекашидем, осиёбу навбати пода мерафтем, дару девор лой мезадем.
Сари баргаштан модарам як мурғ медод, ки фурӯхта харҷӣ кунем.
Охир дар интернат ҳам таҳсилу тарбияти мо поён ёфт.
Темур синфи даҳро бо медали нуқра хатм карда, ману ӯ ба донишгоҳ қабул шудем. Камол ба донишкадаи омӯзгорӣ рафт. Танҳо ба пули донишҷӯӣ рӯз мебурдем. Темур стипендияи олии донишҷӯӣ мегирифт.
Ҳамин тавр, то чашм ба ҳам задем, ки панҷ соли донишҷӯӣ ҳам паси сар шуд. Амакиямон акаи Аҳмад ба муносибати хатми мактаби олӣ ба мо ва ҷавонону муаллимони қишлоқ зиёфат дод. Сипас Камол муаллимиро пеша карда, дар Сӯфиён монд. Темур ба донишкадаи омӯзгории шаҳри Воронеж рафт. Баъд аз он донишкада унвони докторию профессорӣ гирифт.
Солҳое дар Воронеж буд, шабе хоб дидам, ки баргаштааст ва бо ҳам ба Сӯфиён равонем. Ҳанӯз ба қишлоқ нарасида, боғи шукуфтае дидем ғарқи гул, ки дар он тӯтиҳо рехтаанд, хурду калон, сабзу сурху сафеду кабуд, дар шохаҳои дарахтону дар рӯи заминҳо. Мо аввал ҳадаҳа тӯтичаҳоро гирифтем, аммо аз тӯтиҳои калони рангоранг низ чандтогӣ ба даст даровардем, ки аз патар-патарашон бедор шудам.
Хоб не, афсона, биҳишт, манзарае, ки дар рӯйи замин нест. Чанд моҳ ҷуръат накардам, ки аз ин хобам ба касе лаб кушоям. Дилам ба ҳар таъбиру гумон мебурд. Оқибат тоқат накарда, ба модарам нақл кардам. Кампир даст ба рӯ кашида гуфт, ки Темур хайру баракат мебинад, ба муроду мақсадаш мерасад. Ман бовар карда беташвиш шудам, ки хайрият, хоби биҳиштиам фоли нек будааст. Вале он тавр нашуд. Дар ҳақиқат, дур рафт, аммо бибин, ки ба кучо:
Гуфтамат дур бирав, ту фурӯ рафтӣ ба хок.

пешина
аз 110
навбатӣ