ЗАМИНИ МОДАРӢ

Бештари аҳолӣ намедонад, ки конгрессменаш (депутат) кист, сенат (шӯро)-у сенатор (узви шӯро)-аш кисту чист.
Интихоботҳо номаълум мегузаранд, аҳолӣ ҷалб карда намешавад. Айнан монанди интихоботи замони Брежнев.
Маҷлисҳои Конгресс ҳам пушти парда мегузаранд, айни ҳамон маҷлисҳои шӯрои олии брежневӣ, ки раисдепутатҳояш як-ду рӯз чак-чак зада, сипас аз магазини ҳукуматӣ чойнику пиёла харида, баромада мерафтанд.
Бо вуҷуди ин, дар Америка одами тасодуфӣ раисҷумҳур намешавад. Балки, чамъият, ки фарҳангист, одами тасодуфӣ надорад. Ҳар касе, ки раисҷумҳӯр нашавад, фарҳангист. Ҳар раисҷумҳуре оинаи қоматнамои халқи хеш мебошад, сурату тинати халқашро менамояд. Агар дар ҷумҳурие охунде раисҷумҳур шуда, мардумаш охундист.
Агар дар ҷумҳурие аблаҳе раисҷумҳур шудааст, бешубҳа халқаш аблаҳ аст. Агар дар ҷумҳурие авбоше раисҷумҳур шуда, халқаш авбош аст. Раисҷумҳур, ки аз осмон намеояд, аз миёни халқ мунтахаб мешавад.
Азбаски адабиёти бадеӣ манфиати нақди моддӣ надорад, аслан мавриди таваҷҷӯҳ нест. Дар дасти мардум бидуни «Таврот» китоби дигаре дида намешавад. Боре ҳам надидаму нашунидам, ки аз телевизион ё дар рӯзномае адибею китобе тарғиб шуда бошад. Аксари мардуми табақаи ман аз адабиёти америкоӣ як Марк Твенро медонанду халос, он ҳам ба хотири чанд ҳаҷвияе, ки ба ӯ нисбат дода мешавад. Яъне ҳамчун мулло Насриддин.
Аз адабиёти ҷаҳонӣ аҳёнан Умари Хайём, Достоевский ва Толстойро шунидаанд. Солженитсин танҳо як мухолифи коммунистон шинохта мешавад, на устоди қалам. Ҳавзаҳои адабӣ, шабҳои назм, ҷашну тантанаҳои адибон мисле, ки вуҷуд надоранд. Аммо китоби бадеӣ фаровон аст, чунон фаровон, ки хамчун порую молу матои бемуштарӣ мошинмошин кашонда партофта мешавад. Зимнан ман китоби духтари Сталин, Светлана Аллилуйева – «Танҳо як сол»-ро аз ҳамин ғарами порӯю партоба ёфтам. Китоби аблаҳонаест, ин ҳам туҳматча мезанад. Дар дӯкону китобхонаҳо аз ҳар адабиёте тал-тал адабиёти бадеию луғатномаю рисолаҳои интиқодӣ хобидаанд. Аз ҷумла, дар китобхонаи бузурги Донишгоҳи Вашингтон ҷилд-ҷилд китобҳои тоҷикист, ки ба ғайр аз ман хонандае надоранд. Китобҳоеро, ки дар Душанбе нахонда будам, дар ин ҷо мехонам. Дар толори матбуот ҳатто рӯзномаҳои қазоқию ӯзбакиро дидам, тоҷикӣ нест.(…)
Муддатест, ки дар Сиеттл зиндагӣ мекунем. Боз ҳам дар лаби халиҷу уқёнусу канори ҷангали анбӯҳ. Боз ҳам бисёр чиз ношиносу бегона. Ҳазору як навъ гулу гиёҳ, ҳазору як навъ мева, ҳазору як навъ сабзавот, ҳазору як навъ парандаю чаранда. Аммо кӯҳистон, гарданаи кӯҳҳояш барфпӯш. Ба Тоҷикистон монанд аст. Гули зардакро ба зону зада, бӯсидему бӯ кашидем. Гули сиёҳгӯшро ба зону зада, бӯидему бӯ кашидем. Сиёҳалафу чукурию торонро ба зону зада, бӯсидему бӯ кашидем. Себи хубониро дида диламон гум зад, диламон сӯхт, ки ҳеҷ қадру қимат надорад, хоки сиёҳ. Ду баробари хубониҳои бозори «Баракат» ҳама хуну шарбату шира. Куҷоянд себфурӯшони ғармӣ? Куҷоянд чукурию сиёҳалаффурӯшони Ромиту Варзоб? Эй дареғ!
Себи хубониро халта-халта хайрия медиҳанд. Мағзи чормағзу офтобпарастро халта-халта хайрия медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё