Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нону пӯшоку попӯширо анбор-анбор хайрия медиҳанд. Ба мо ҳам дигар себи хубонӣ намефорад, чормағзу мағзу мавиз намефорад, картошкаи суп-сурхи ҷиргатолӣ намефорад.
Паррандаҳо дар пушти тиреза мехонанд. Кабкҳо ҳамчун мурғҳои хонагӣ села-села дар ҳавлиҳо мегарданд.
Дар оби халиҷи сари кӯча говмоҳиҳои азимҷусса ҷасту хез менамоянд. Аз чор тараф роҳатро бурида, говазну қашқалдоқу заргӯшу санҷоб парида мегузаранд. Ҷангалзору алафзор фарқе надорад. Ҷангалро медараванд, каҳдарав мекунанд. Пушта-пушта дарахти даравида зери боронҳо пӯсидаю лухсидаю тосида нобуд мешавад.
Дар ин замин қадаме замини ҳамвор нест. Сатҳи замин ба кӯҳони хезоби уқёнус монанд аст, хезоби пасту баланди сабз ва дар камари ҳар кӯҳоне -тасмаи паҳни шоҳроҳ, ки бо қабат-қабат шаҳпулҳои дуру дароз ба иморатҳои булӯрии осмонхарош мебаранд.
Атроф - ҳисори сангини алачалпоқ. Ва як ситеғи саропо барфпӯш. Аммо бӯи барф намеояд, ҳатто дар зимистон.
Якзайл борон мерезад. Ман, ки сарояндаи борон будам, инак ҳамчун кирми лойхурак аз оби борон сер шудаам.
Борони бисёр ғамангез аст, дилгир мекунад.


Ҳар чизи ношоистае, ки дар Шӯравӣ буд, дар Америка дучанду даҳчанду садчанд аст. Барои мисол, ошнобозӣ, қавму қабилачигӣ, порахурӣ, дуздӣ, одамкушӣ, авбошӣ, нашъамандӣ, фиребу шайтонӣ, таъзимгароӣ ва ғайра.
Хабаркашӣ мояи ифтихор шуморида мешавад ва хабаркаш шаҳрванди зираку ҳушёр. Аз ин рӯ ту ҳамеша зери назари ҳамсояву атрофиён қарор дорӣ. Дар кӯчае пайдо шавӣ, ки кӯчаи ту нест, аз ҷониби полис бозпурсӣ мешавӣ. Бо касе ду-се дафъа нишастаӣ, ки маълумот дода мешавад. Дар хонаат садо баланд кардаӣ, ки даратро кӯфта, полис медарояд. Ба зане гап партофтаӣ, ки бозпурсӣ мешавӣ ва ғайра.
Ба хӯҷаин хӯш-хӯш гуфта, худро ширин кардан ба ҳукми анъана даромадааст. Агар ҳамчун саг дум наҷунбонӣ, пули соатбайъат тадриҷан зиёд намешавад, аз ҳисоби корхона кӯмаки тиббӣ намегирӣ. Ва боз аз бисёр имтиёзҳо маҳрум хоҳӣ монд. Сонӣ бо андак баҳона аз кор низ ронда мешавӣ.
Ошнобозӣ оммавию ҳатмист. Бе ошнобозӣ кори кироӣ ёфтан мушкил. Ба мо барин муҳоҷирон, ки ошною қавме надорем, фақат «Garbage» (порӯю ахлот) - кашонию «Сlеаnеr»-ӣ, яъне рӯбучину ҳоҷатхонашӯӣ мерасад.
Бюрократизм низ ба дараҷаи олист. Дар Шӯравӣ ҳар касеро бе восита аз кӯча ҳам ба кор мегирифтанд, таҳқиқу тафтиши ҳафт пушташ лозим набуд. Дар Америка ҳеҷ касро бевосита аз кӯча ба кор намегиранд. Ҳар коргари нав аз тарафи се нафар шахси шинохта ё ташкилоту идораи расмие, хаттӣ тавсия дода мешавад. Боз ба унвони шиносномаю шартнома як тал коғаз пур мекунӣ. Сипас рӯзи вохӯрӣ бо саркор дар давоми як моҳ. Баъд саволу ҷавоб бо саркор. Агар дар саволу ҷавоб муваффақ шудӣ, давоми моҳи дигаре мунтазири кор менишинӣ. Хулоса барои кори дупулае ба кирдори пахта аз халлоҷӣ гузашта, дона-дона чигиту пунбадона мешавӣ.
Ғайр аз ин, ба унвони хонапулӣ, духтурпулӣ, андоз, ҷарима, барқпулӣ, обпулӣ, сӯзишпулӣ, телефонпулӣ дастадаста коғаз мегиред. Ва мавриди шикоят ба кию ба куҷо муроҷиат карданатонро намедонед. Идораҳои маъмурӣ ҳамчун сандуқҳои оҳанини банкҳо бастаанд. Хӯҷаини асосӣ ёфта намешавад. Танҳо хату чак мераваду меояд.

пешина
аз 110
навбатӣ